Бахшҳо

“Овози тилоӣ-2015”: Пирӯзӣ насиби 7 нафар шуд

Аз миёни беш аз 3 ҳазор иштирокчии лоиҳаи “Овози тиллоӣ-2015”, 7 нафар ғолиб шуданд. Дар ин бора ба “Озодагон” Умед Ҷумъаев, сармуҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии телевизиони “Баҳористон” иттилоъ дода гуфт, инчунин 3 нафар бо ҷоизаи махсуси доварон қадр шуд: “Ду тани дигар роҳхати дохил шудан ба Консерваторияи миллии Тоҷикистонро гирифт”.

Ӯ гуфт, Муҳиба Шокирова, Муҳаммадҷон Шокиров, аз шаҳри Конибодом, Муҳаммадҷон Худоназаров аз ноҳияи Рушон, Наврӯзҷони Салим аз ноҳияи Ҳисор, Таманно Гулмаҳмадова аз шаҳри Душанбе, Отаҷон Хушматов аз шаҳри Турсунзода ва Наврӯз Изатуллоев аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ғолибони “Овози тилоӣ-2015” эътироф шуданд: “Ҷоизаҳои махсуси доварон насиби Толеҳаи Раҳмиддин аз ноҳияи Дарвоз, Парвизи Маҳмадқул аз ноҳияи Ҳисор ва Амруллоҳ Калонов аз шаҳри Турсунзода гардид. Азимҷон Аҳроров аз шаҳри Истаравшан ва Амонсултон Хуҷамова аз ноҳияи Рушон роҳхати дохил шудан ба Консерваторяи миллии Тоҷикистонро гирифтанд”.

Лоиҳаи телевизионии “Овози тиллоӣ” соли 2010 таъсис ёфт. Умед Ҷумъаев мегӯяд, лоиҳа аз 4 давр иборат буда, дар он афроди аз 10 то 20-сола ҳаққи иштирок доранд.
Мӯҳр
Шараф
Бахудо ягон нафараш овози нагз надошт. Онхое, ки хакаикатьан овоз хуб доштанд бо бахонаи аз авч баромад, ба оханг чур нашуд гуфта афтиданд. Ин овози тиллои барои нафароне буд, ки дар мактабхои умуми мехонанд, на барои онхое, ки мактабхои махсуси мусикиро хондаанд. Овозхои дагал ва интихоби нихоят беинсофона

Фируз
Ман нафахмадам ин овози тиллои буд ё шаби эчодии Зевар Давлатова. Ин кадар шахспарасти чи лозим. Баъд мегуянд 6 сол овози тиллои баргузор мешавад пас кани хамон голибони ин озмун дар майдони санъату хунари точик? Пас аз овози тиллои он голибон ба чи кор машгул гаштаанд ягон кас мепурсад ё не? Сол ба сол якранг шудааст ин конкурс. Хамаи онхое, ки ба финал меброянд як хел суруд мехонанд. Чаро мо намебинем дар интернет, ки фалон кудаки точик суруди ягон сарояндаи чахониро хуб сароида бошад? Дуруст пешниход шуд, ки иштирокчиёни овози тиллои намунахо аз сурудхои хофизони чахон хам сароянд. Ва дар охир гуфтаниям, ки ин кадар сурудхониро тавассути озмуни овози тиллои аз шабакаи давлатии "Бахористон" таргиб кардан лозим нест. Алакай кудакон аз омузиши дигар фанхо даст кашида хама орзуи хофиз шудан ва дар конкурси овози тиллои иштирок карданро доранд. Дигар арзишхоро таргиб кардан даркор. Ба як сурудхони аз худуди Точикистон берун баромада наметавонем.
Илтимос чоп кунед.

Ба интихоби имсолаи доварон рози буда наметавонем, зеро истеъдодхои хубе буданд, ки доварон бо бахонахои гуногун хунари онхоро нодида гирифтанд.

Пахлуи дигари нихоят нигаронкунанда он аст, ки алакай бори чандум аст, ки афзалият ба забони руси дода мешавад. Барои чи ???? Барандагон бо ду забон баромад мекунанд, аммо саволе ба миён меояд , БАРО ЧИ ??? Иштирокчиён ку русзабон нестанд, худи барномаи хунари байналмиллали нест, пас чаро он бо забони руси бошад ??? Ё шумо манзалати забони модариро намедонед ???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)