Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:49

Ҷопониҳо он қадар футболбоз ҳам набудаанд…

12 октябр 2011, 04:01

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Осака аз тими миллии Ҷопон рӯзи 11-уми октябр  бо ҳисоби калони 0:8 шикаст хӯрд ва шонси дарёфти роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2014-ро, ки дар Бразилия сурат мегирад, амалан аз даст дод.


Маврид ба ёдоварист, футболбозони тоҷик дар ду бозии аввал дар гурӯҳи С  аз тимҳои Ӯзбакистону Кореяи Шимолӣ бо натиҷаи якхелаи 0:1 мағлуб шуда буданд. Тоҷикистон баъди 3 давр ягон имтиёз надошта, дар ин гурӯҳ дар мақоми аз ҳама охирин ҷой гирифтааст.Ҷопон ва Ӯзбакистон бо 7-холӣ дар ин гурӯҳ пешсафанд.Гуфтан ба маврид аст, ки ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон тариқи интернет натиҷаи ин бозиро мустақиман пайгирӣ мекард. Ва тӯли бозӣ то дақиқаи 12-ум ҳисоб кушода нашуд.Маҳз дар ин дақиқаи «хатарзо» футболбози ҷопонӣ Мики Ҳавенаар ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 19-уми бозӣ голи дуввуми ҷопониҳоро бозигари тими миллии ин кишвар Синдзи Оказакӣ, тақти рақами 9, ба самар расонд…

Дақиқаи 78-уми бозӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Ҷопон. Боз як голи Накамур ва боз ҳам бар фоидаи ҷопониҳо. Ҳамин тавр, ҳисоб 8:0 ба нафъи ҷопониҳо ва бозӣ ба итмом расид, ҳарчанд довар 3 дақиқаи дигари иловагӣ ҳам ҷудо карда буд…

Пас аз шикасти тими футболи Тоҷикистон, мухлиси ашаддии футбол, сардабири нашрияи СССР – Сайёфи Мизроб бароямон аникдоти тозае равон кард ба ин мазмун:
Олимҷон Рафиков пас аз бозӣ бо дастаи Ҷопон ба раҳбарият телефон карда, ҳисобот медиҳад:

-Рафиқ сардор, ин ҷопониҳо ун қадар футболбоз ҳам набудаанд: Мурданду голи 9-ро зада натавонистанд-эъ…{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!