Бахшҳо

Абдулқодирзода дар намози ҷумъа: ҲНИТ моро ранҷонид!

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ ба Созмони милали муттаҳиду давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон, шадидан ибрози нигаронӣ карда, онро “сафсата ва беасос” хонд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари ин ниҳод, рӯзи 3 июл дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “дар моҳи мубораки Рамазон кори нохубе шудааст, ки тамоми ходимони дин, аз ҷумла аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистону имому сархатибони масоҷиди кишварро ранҷонидааст ва ин кор изҳороти бемантиқу беасоси Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад”.

Абдулқодирзода ҳарчанд таъкид кард, ҳоло гуфтанӣ нест ҲНИТ-ро аз хориҷ киҳо пуштибонӣ мекунанд, вале гуфт, “тамоми ҳизбу ҳаракатҳои динӣ аз сӯи доираҳои манфиатхоҳ пуштибонӣ шуда, ҳадафи онҳо тафриқаандозӣ миёни мусулмонон мебошад”.

Ӯ дар идома афзуд, “ҲНИТ омада-омада дар моҳи Рамазон як изҳороте ба СММ кардаву гуфтааст, гӯиё Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барҳам хурдааст, ки ин ҳама сафсатаҳои бемаънӣ ва дурӯғ мебошад. Дар моҳи Рамазон ин гуна кор кардан аз нигоҳи Ислом нест. Бояд ҲНИТ ҳадди ақал инсоф мекарду дар моҳи Рамазон ин корро намекард, чун моҳи Рамазон моҳи ухувату бародарӣ аст”.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номаи шикоятие унвонии Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гуруҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон аз фишорҳои зиёди мақомот хабар дода, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст.
Мӯҳр
Дарвеш
Хами мардак роста мега охииии

рахгузар
Кори ту акаи мукаррам дифоъ аз номуси зани мусалмон яъне сатр аст, барои чи дар ин бора хеч чиз намегуию бо сиёсат кордор мешави кори ту бо СММ у дигар созмонхо чи?

Пурдил
Абдулқодирзода: "моҳи Рамазон моҳи ухувату бародарӣ аст"! Пас кучост бародари Шумо бо хукумататон, ки болои ин хизб фишорро ба хади куфраш расонидед??? Айбро намедонад хамин Абдулқодирзода! О дар ТВ секси гуё нахзатихора дар мохи Мубораки Рамазон нишон медиханд

Хазрати муфти биё акаллан дар хамин мохи Шарифи Рамазон бо сиёсат аралаш нашавем. Дин аз давлат чудо аст. Гапи худамона гуему намозу рузаамонро холисона гирем

Чаро вакте дари хама мадрасахоро бастанд, сатрро аз сари занхо дур карданд, таълимоти исломро дар кишвар манъкарданд, чавононро аз масчид дур карданд, ин мардак аз касе наранчид?

нахзати
ман хамин муфтиро эхтиром мекардам агар факат як бор ба макомот хам мегуфт, ки дар хамин мохи рамазон мохи ухуввату бародари ба нахзат фишор оварданро бас кунед.
Агар дар хамин мохи рахмат пеши рохи ифтор додани нахзатихоро нагирифта монеи як амали исломи намешуд.
Агар ба чои фишору тахдиду тухмат омада хам хукуматдорон ва хам аъзои масулони ХНИТ ро дават мекард, ки биёед бо гуфтугу масаларо хал кунед.
Агар як бор аз худаш чуръат нишон дода аз хичоб ва рафтани чавонон ба масчид химоят мекард.
Мо танхо нахзатихоро не хамаи мардуми кишварро мусалмон медонем. шумо нахзатро бандед хам андешаи нахзат дар рагу рухи чомеа чори шудааст. шумо бо ин коратон ба онхое хидмат мекунед, ки махдудияти динро мехоханд.
Шумо хамеша мегуед нахзатро бегонагон сармоягузори мекунанд, оё худатон медонед, ки маошу ризку рузии мехурдагиатон аз хисоби грантхои кишвархое аст ки барои махдуд кардани дин ба шумову хукумат медиханд?

Намозгузор
Шунидам хутбаашро. Ачиб ки дар мохи рамазон манъ кардани хичобу фишор болои аъзои хизбр уро наранчонд. Е ранчиду чурьату имкони гуфтан надошт? Мо хам ранчидем аз ин мавкеъхои шумо, чаноби муфти.

оббо
Оббоооо. Аку дили муфтии мо рааанчид. Дилша наозоред!!! Ман як чизро нафахмидам. Хамин масчидхо хозир мачлисгох шуда бошанд? Хар чумьа як хабар аз масчид аст. На Якто балки чанд то. Эээээ муфтие дили бечораи тура да иохи рамазон ранчонданд ха?

Сино
Хуб кардаст ХНИТ шикояти бо маврид аст.

))) ХАЗРАТ БИСЕР ДИЛИ НОЗУК ДОШТАЙ)
АЙ РУЗИ БА ДУНЁ ОМАДАНТОН ДОМЛО ДИЛИ ТАМОМИ МАРДМИ ВАТАНА РАНЧОНДЕН ИЧКА ИЧИТОН НАГУФТ)))

Чаноби Абдулкодирзода шумо ки аз Ухуват мегуед Кучост ухувататон. Танхо бояд Хнит ухуват ро риоят кунад?

Исфара
Ин муфти аз хад гузаронд ! Акалан якбор нагуфт, ки дар ин мохи муборак чавононро гузоред ба масчид раванд

Маорифпарвар
Муфти рост мегуяд хизб аз Ирон спонсори мешавад ва ин бе музд хам нест пеши рохи инро гирифтан кори кумитаи дин асту муфти.

обид
Кариб хар чумьа моро меранчонед!

Абдуллоҳ
Магар фикр карди бо ранҷидани ту касе зиқ мешавад???!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)