Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:42

Конфронси 13-уми Иттиҳоди шӯроҳои мустақили ВАО дар Маскав

12 октябр 2011, 05:26

Дар шаҳри Маскав Анҷумани 13-уми Иттиҳоди шўроҳои мустақили ВАО-и Аврупо доир гардид.


Тибқи иттилои расида, дар ин конфроси байнулмилалӣ намояндагони мақомоти худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ  аз 40 кишвари Аврупо ва ИДМ сараввал роҷеъ ба фаъолияти солонаи худ ҳисобот доданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҳамойиш райиси Шўрои ВАО Зинатулло Исмоилов ва ҳуқуқшинос Иноят Иноятов намояндагӣ  карданд.

Зимни конфронс Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ки давоми қариб ду соли фаъолият Шўрои мазкур дар Тоҷикистон умури муайянеро бобати ба вуҷуд овардани механизми худтанзикунии фаъолияти журналистӣ  анҷом дод. Бо доир намудани силсилаи ҳамоишҳои омўзишӣ  ва ҷоннок намудани фаъолияти Шўро теъдоди ташкилоти журналистии эътирофкунандаи меъёрҳои ахлоқӣ  ба 50 адад расид. Ҳамчунин, ба Шўро давоми нўҳ моҳи соли равон 18 шикоят ворид шуд, ки онҳо дар дастгоҳи иҷроия ва маҷлиси ин ниҳод баррасӣ  гардиданд.

Давоми ду рўз иштироккунандагони конференсия дар баробари баррасии муҳимтарин масоили ахлоқӣ , бобати роҳ надодан ба тарғиби миллатпарастӣ  дар ВАО, озодии баён дар шароити фавқуллода, мақоми шўроҳои мустақил ва ҳуқуқи онҳо ба ҷавоб, механизми фаъолияти пурсамар ва ҳалли масоили молиявии фаъолияти мақомоти худтанзимкунӣ  изҳори андеша карданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!