Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

Кӯлоб: «Хишти Кӯлоб»-ро муфлисшавӣ таҳдид мекунад

12 октябр 2011, 05:49

Корхонаи «Хишти Кӯлоб» зиёда аз 1-миллион сомонӣ қарздор шудааст.


Дар ин бора Давлаталӣ Атоев, сартехнологи корхона ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, аз ҷумла, беш аз 700-ҳазор сомонӣ аз андози давлатӣ, наздики 120-ҳазор сомонӣ аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва 250-ҳазор сомонӣ аз корхонаи «Гази Кӯлоб». Дар ҳоли ҳозир дар амбор зиёда аз 100-ҳазор дона хишти пухта ва беш аз 1-миллион дона хишти хом мавҷуд аст, ки на харидорӣ мешавад ва бо сабаби камбуди газ пазониданашон номумкин аст, мегӯяд сартехнолог.

-Сохтмону иншоотҳои дар ҳудуди шаҳр бунёд мегашта, бо сабабҳои барои мо номаълум аз корхонаи мо хишт харидорӣ намекунанд. Дар ҳоле, ки қиммати маҳсулоти мо ба нархи хиште, ки аз навоҳии Ҳамадониву Сарбанд меоранд, баробар асту сифатнокии хишти корхонаи мо баландтар мебошад. Зеро хоке, ки мо хишт истеҳсол мекунем, хоки кулол асту хушсифат. Сабаби асосии қарздор мондани корхона маҳз ба савдо нарафтани маҳсулот ва  камбуди харидор мебошад,- шарҳ медиҳад Давлаталӣ Атоев. Ба гуфти ӯ, корхонаи «Хишти Кӯлоб» дар марҳилаи муфлисшавӣ қарор дорад. Барои аз ин холат баромадан дастгирии ҳукумати маҳаллӣ ба маврид аст, вале мутаасифона дар ин маврид касе ба мо кӯмак намекунад.

Муттаасифона, соҳибмулк Қурбон Чоловро хабарнигори маҳаллии хабаргузории «Озодагон» дар корхона пайдо карда натавонист. Роҳбари корхона Мавҷуда Чолова бошад, бо ҳар баҳона нахостааст, бо ҳамкорамон дар мавриди фаъолияти коргоҳ сӯҳбат кунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!