Танзими Тоҷикистон ба Узбакистон ҳам таъсир кард
Пажуҳишгоҳи мустақили мониторинги ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиии Узбакистон пешниҳод кардааст, шумораи мошинҳои рӯзи тӯй кам ва фаъолияти мошинҳо ҳангоми арӯсиҳо таҳти назорати шадид гирифта шавад.
Ин ниҳод бо нашри як матлаб дар нашрияи ҳукумати “Тошкент окшоми” (“Шоми Тошканд”)- пойтахти Узбакистон ин пешниҳодро ироа кардааст.
Аз ин пеш дар Тоҷикистон бар асоси қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” шумораи мошинҳои гусели шоҳу арӯс то 4 адад маҳдуд карда шуд.
Дар матлаби ин ниҳод, ҳамчунин дар мавриди даст кашидан аз хароҷоти барзиёд ва нозарур пешниҳод шудааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки пешниҳодро бар асоси баргузор кардани як тадқиқоти сотсиологи ба ҳукумат кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |