Бахшҳо
10 июл 2015 09:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ташвиши Қурбониён аз воридоти “Ветаминчик”-и ғайристандартии чинӣ ба Тоҷикистон

Ибодулло Қурбониён, раиси тозатаъйини Агентии “Тоҷикстандарт”-и Тоҷикистон аз воридоти маҳсулоти чинии “Ветаминчик”, навъи шириние барои кӯдакон шадидан ибрози нигаронӣ кард.

Ҷаноби Қурбониён рӯзи 10 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ин маҳсулоти чинӣ, ки аз он кӯдакону наврасони тоҷик зиёд истеъмол мекунанд, ғайристандартӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, Агентии “Тоҷикстандарт”-и Тоҷикистон ҳудуди 7 ё 8 сол мешавад, зидди воридоти ин навъи маҳсулоти чинӣ ба кишвар мубориза мебарад, вале бенатиҷа аст: “Ҳудуди 7 8 сол мешавад, мубориза мебарем, аммо натавонистем, ҷилави воридоти онро гирем”.

Ин маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле ворид мешавад, ки раиси тозатаъйини Агентии “Тоҷикстандарт”-и кишвар мегӯяд, “мо ҳайронем, ки ин чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид мешавад, чун агар бо роҳи қонунӣ ҳам хоҳанд, мо барои воридоти он иҷоза нахоҳем дод”.

Ӯ дар идома аз падару модар дар кишвар даъват кард, ки аз харидории ин навъи маҳсулоти чинӣ барои фарзандони худ худдорӣ кунанд.
Мӯҳр
Дар кисахошон воридш мекнан ё дар меъдаашон am (((99

Behtarin peshnihod , lekin khub meshud ki yak rasmashonam memondan ki kadom namudi vitaminchkho, dar haqiqat kudakon az in molhoi passifati arzon istifoda mebarand.

Рахмат Раиса,барои огохи.

Шараф
Ин навъи витаминчик чи гуна аст ва онро дар кучохо мефурушанд? Рахмат ба Шумо Раиси Точикстандарт. Умуман воридшавии махсулоти хурокаро аз Хитой куллан манъ кардан даркор. Инро дар Амрико, кишварои Европа ва хатто Узбакистону Россия манъ кардаанд. Хурокашон бо хама он ифлосию бесифати аз худашон бошад бехтар. Махсусан хамиртуруш, макарон аз орди биринч ва орди гандум, шакар, орд, шири хушк, мевачот, конфетхо, ширинихо, повидлою жем ва даххо намуди дигари хурокворияшон сад дар сад зараровар ва марговар хастанд. Либосааш ворид мешавад бас аст.

Ташаккур мухтрам Қурбониён, бисёрхам як икдоми хубе гирифтаед, боваркунед хонандагони азиз 3- фарзанд дорам харруз агар 3 маротибахам ба "Супер маркетхои" пеши пеши Душанбе барахам рози нестан, ба хотири оне, ки Шумо ба ман Кандак, Ветаминчик”, ё захраку ва гайрахо нахариди гуфта норози баён мекунанду ба модарашон, шикоят мекунанд. Бисёр хуб мешудки дар худуди Ш. Душанбе хаммаи Кандаку Захрак фурушоро катъиян манъ мекарданд.

Али
[Мӯҳтарам раис . Шумо ин хел нагуед,ки мо сари роҳи ин маводро гирем. барои чи барои он ,ки ба ин маҳсулот ГУМРУК, Тоҷикстандарт,ва дигар ташкилотҳо вобастагӣ доранд. Дар давоми ин 7-8 сол ин ташкилотҳо набаромада бошанд. Баъд Шумо раис ба воситаи САДО ва СИМО баромад,кунед як мардуми кишвар Шуморо бинанд,ки аз уҳдаи кор мебаромадааст. Шумо хафа нашавед аз уҳдаи кор немебароед. ]

Тосик
“мо ҳайронем, ки ин чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид мешавад, чун агар бо роҳи қонунӣ ҳам хоҳанд, мо барои воридоти он иҷоза нахоҳем дод”.

Бечора хайрон мондааст. Надонистанат хуб аст, агар дони мумкин аст саломатию хаетат дар хатар монад.

Болта
Чӣ зарар дорад? Зарар надошта бошад, монед ворид шавад. Агар зарар дошта бошад, зарараша канкретно гӯед, ҳама фаҳманд. Гапа мекушоеду, аммо хушрӯ гап намезанед.

Озодӣ чида шарҳа намемонӣ? Ё ту ҳам мисли ҳукуматиҳоӣ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)