Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Стивен Ванакере:Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба манфиати тарафайн аст

13 октябр 2011, 10:00

Стивен Ванакере, вазири корҳои хориҷии Белгия зимни мулоқоташ бо Рустамҷон Солиев,сафири Тоҷикистон дар он кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни Белгия ва Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда  омодагии мамлакаташро баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба изҳор дошт.


Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инвеститсионӣ, маориф, илм ва фарҳанг муҳокима намудаанд. Рустамҷон Солиев, зимни ин ҳамоиш роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат, нақши калидии Тоҷикистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, саҳми Тоҷикистон дар бозсозии иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маълумоти муфассал пешкаш намудааст.

Маврид ба ёдоварист, муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия аз 29 апрели соли 2001 ба роҳ монда шудааст. Соли 2001 дар Белгия сафорати  Тоҷикистон, инчунин намояндагии доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо кушода шуд. Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Белгия то соли 2009 2,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!