Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

Сарбозони тоҷик ҳунари ошпазиро ҳам меомӯзанд

14 октябр 2011, 03:57

Сарбозони вазорати мудофиа дар рафти адои хизмати ҳарбӣ ҳунари ошпазиро низ меомӯзанд.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуотии ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, соли дуюм аст, ки дар тобеияти яке аз марказҳои таълимии қӯшунҳои хушкигарди вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омодасозии ошпазҳо таъсис ёфтааст. Сарбозон аз ҷониби мутахассисони баландихтисосу ошпазҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ҳам ба тарзи назариявӣ ва ҳам ба тарзи амалӣ дарс мегиранд. Нафароне, ки дар ин курсҳо муддати се моҳ давраи омӯзиширо фаро мегиранд, беш аз 300 номгӯи хӯрокҳоро омода мекунанд.

Манбаъ афзуд, баъд аз анҷоми курсҳои семоҳаи ошпазӣ сарбозон соҳиби шаҳодатномаи махсуси касбӣ мешаванд ва ба ҳайси ошпаз ба дигар қисму воҳидҳои низомӣ барои идомаи хизмат фиристода мешаванд. Ин ҳам имкон медиҳад, ки сатҳу сифати омода кардани хӯроке, ки ба сарбозон дода мешавад, баланд бардошта шавад. Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, сарбозон дар идомаи хизмати аскарӣ соҳиби ихтисос шуда, баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар корхонаҳои мухталиф фаъолият карда метавонанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!