Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Дипломати покистонӣ ба тарҳи эҳдоси маркази нақлиётӣ таваҷҷӯҳ дорад

14 октябр 2011, 04:05

Сафири Покистон  дар  Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн  Баркаталӣ Сиял  дар  ҷараёни  сафараш  ба  шимоли кишвар бо  сарвари маъмурияти минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд» Анвар  Ёқубов мулоқот  намуд.


Зимни нишаст, дипломати Исломободро бо фаъолияти  минтақаи  озоди  иқтисодӣ воқиф  намуданд.Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, сафири Покистон ба  лоиҳаи  ташкили  маркази  нақлиётие мароқ  зоҳир  намуд, ки  имкон  медиҳад  дар  оянда  шароити ҷалби  савдою  тиҷорати  Покистон  ва  афзун  намудани  муомилоти  савдои  миёни  ҳар  ду  кишвар  фароҳам  оварда шавад.

Ба ҷуз ин,  масъалаҳои  сармояи  аввалия  ҷиҳати  ташкили  тиҷорат  дар  ҳудуди  минтақа,  таъминоти  об  ва  таъмини  нерӯи  барқ,  ҳаҷми  пешниҳоди  қитъаҳои  замин  барои  сохтмон мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Манбаъ ҳамчунин таъкид кард, ки дар  анҷоми нишаст, дипломати покистонӣ намояндагони  маъмуриятро  даъват  намуд, ки  дар  фаъолияти  ЭКСПО  дар  Покистон  иштирок  намоянд. Ин  чорабинӣ  моҳи  ноябр дар  шаҳри  Карочӣ бо  иштироки  беш  аз  700 нафар  соҳибкорону  тоҷирони  кишварҳои  мухталифи  ҷаҳон  роҳандозӣ  мешавад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!