Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

«Нурафзо»- иқдоми вижаи соҳибкорони ватанӣ

14 октябр 2011, 04:39

Бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ маркази тиббии «Нурафзо» дари худро ба  рӯи муштариён боз кард. Дар паҳлӯи бинои маъмурии маркази миллии тиббии «Қарияи боло» маркази нави тибби бо номи «Нурафзо» ба фаъолият шурӯъ кард, ки он дорои 4 утоқ буда, бо 4 номгӯи таҷҳизотҳои наву ҳозиразамон ба истифода дода шуд.


Дастгоҳи «Ренгении рақамӣ» имкони дар як саҳифа нишон додани 4 ташхисро дорад, дастгоҳи «Рақамии компиютерӣ» бошад, имкони 16 қабати пӯстро нишон доданро дорост. Дастгоҳи «Томографияи магнити резонантӣ»-томографияи калонтарин аст, ки одами 160 килограммаро қудрати бардоштану аксбардорӣ дорад, «Ултрасадо»-и ин марказ бо системаи ҳозиразамони доплерӣ таъмин ва ҷобаҷогузорӣ карда шудааст.

Манбаъи хабар ба «Озодагон» гуфт, ҳамаи ин дастгоҳҳо бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд.Ҳамчунин, дар саҳни марказ толори тафреҳӣ барои муштариён ба истифода дода шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!