Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Ҳамрохон Зарифӣ дар АМА бо масъулини IRENA зарфиятҳои Тоҷикистонро баррасӣ кард

14 октябр 2011, 07:03

Дар чорчӯби сафари кории худ ба Амороти Муттаҳидаи Араб вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини мудири кулли Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) Уго Лукас мулоқот кард.


Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарони раёсатҳои асосии Агентӣ – Муҳаммад ал-Франаванӣ, сардори раёсати мақомотҳои роҳбарикунанда, Халифа Драммеҳ, мушовири калони Барнома оид ба Африқои Шимолӣ, Себастян Степникӣ – корманди масъули лоиҳаи дастгирии мақомоти роҳбарикунанда иштирок доштанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо иқтидори бузурги истифодаи захираҳои таҷдидшаванда дар Тоҷикистон ва гузариш ба ояндаи энергетикии боз ҳам устувори кишварро қайд намуданд.Иштирокчиёни мулоқот масоили ҳамкории оянда ва роҳҳои эҳтимолии барқарорсозии муносибатҳои наздик ва мутақобилан судманди миёни Тоҷикистон ва IRENA-ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист,Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) соли 2009 таъсис ёфта, қароргоҳи он дар Абу-Заббӣ воқеъ аст. Бо мурури замон IRENA ба шаҳри инноватсионии Масдар Ситӣ, ки ҳоло мавриди сохтмон қарор дорад, интиқол дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир 155 кишвари ҷаҳон бо Агентӣ ҳамкорӣ доранд.  Тоҷикистон дар миёни аввалинҳо ба Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) ҳамроҳ шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!