Бахшҳо

АКС: Калиди мошин ба Шакармаҳмад ва теннисбозии президент дар маҷмааи нави Хоруғ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30 июл, дар доираи сафраш ба Бадахшон, дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ як маҷмааи варзиширо, ки барои 1700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, барои сохтмони ин иншоот, ки масоҳати умумии он зиёда аз 1 гектарро ташкил медиҳад, беш аз 17 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат сарф шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин иншоот дорои толори калон, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои яккачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, утоқҳои корӣ ва мехмонхона мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бо бунёди ин маҷмааи варзишӣ ба варзишгарони Бадахшон имкон фароҳам оварда шуд, ки тамоми фасли сол мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалиро дар он гузаронанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз ин маҷмааи варзишӣ бо варзишгарони наврас теннисбозӣ кард ва дар ракеткаи яке аз бозингарони наврас барои хотира соядаст гузошт: “Дар толори фитнес, ки асосан дар он ҷавондухтарон ба тамрин машғул буданд, сарвари давлат онҳоро ба машқи пайваста ва ба воситаи варзиш солим нигоҳ доштани бадан ҳидоят кард. Зикр карда шуд, ки машғулияти варзишӣ барои занон хеле муфид мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ ба кормандони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Тоҷикистон барои иҷрои босифат ва пурраи корҳо ва ба раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои дастрас кардани таҷҳизоти муосири машқу тамрин дастуру супоришҳо додааст.

Раисиҷумҳури кишвар иброз доштааст, ки ҳукумати кишвар ба рушди таълими варзишӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати такмили фаъолияти мактабҳои варзишӣ чораандешӣ менамояд: “Қобили зикр аст, ки дар 10 мактаби варзишии вилоят ҳамарӯза 3045 нафар варзишгар, аз ҷумла 607 духтар дар 289 гурӯҳ тамрин менамоянд, ки ба онҳо 189 мураббӣ дарс медиҳанд”.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон қувваозмоии финалии паҳлавонон дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯйи куштии миллӣ баргузор шуда, барои ҷоизаи олӣ - автомошинаи сабукрав, ки аз ҷониби Президент таъсис дода шуда буд, варзишгарон аз дастаи вилояти Бадахшон Рауф Зиёбеков ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов мубориза бурдаанд. Манбаъ мегӯяд, танҳо бо бартарияти бештари имтиёзҳо Шакармаҳмад Мирмаҳмадов бар ҳарифаш пирузӣ ба даст оварда, калиди автомобилро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ тақдим намудааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар навбати худ варзишгарон ба Эмомалӣ Раҳмон кеманои куштигириро туҳфа намуданд.

Мӯҳр
Аз ин зиёд гамхори магар дигар мешавад? Чои он, ки норози будан аз Хукумат шукргузор будан даркор.

пв
Шахрванд,

Ин хамааш показуха аст. Ба мо чои кор лозим аст. Бо шиками гурусна вразиш намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)