Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Фурудгоҳи байналмилалӣ омодагӣ мегирад

18 май 2011, 04:52

Барои сазовор таҷлил кардани 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон кормандони фурудгоҳ иқдоми ҷиддиеро рӯйи даст гирифтаанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд,  сарвари кулли фурудгоҳи Душанбе Рустам Холиқов зимни як нишасти вижа ба кормандонаш ҳушдор додаст, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирон чораҳои амалӣ дида шаванд. Ҳамзамон мусофирон ва меҳмонони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, аз хизматрасонии кормандони фурудгоҳ бояд қаноатманд бошанд. Барои омода намудани фурудгоҳ бобати қабули ҳавопаймоҳои хурду бузург, роҳравҳои зимомӣ таваққуфгоҳҳои иловагӣ, мошин ва механизмҳои муқаррарӣ , сару либоси кормандони муҳандисӣ-техникӣ, кормандони техникӣ ва хизматрасонҳо низ чораҳои қатъӣ дида мешаванд.
Дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини пурраи амнияти мусофирон, бор ва бағоҷ, оро додани гулгашт ва майдонҳои назди фурудгоҳ, толорҳои гусел ва қабули мусофирон ва риояи одоби муошират мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар  масъалаи  омода намудани мутахассисони соҳаи авиатсия, ки яке аз омилҳои пешрафти соҳа ба ҳисоб меравад, иброз шуд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби  махсуси авиатсионии кишварҳои ИДМ ва макотиби олии кишвар нафарони лаёқатманд ба кор дар фурудгоҳ ҷалб карда шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!