Бахшҳо

Нашри китоби профессори тоҷик дар Олмон

Нашриёти “Lambert Academic Publishing”-и Олмон китоби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро нашр кардааст.

Аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, асари “Дӯстӣ ва фарҳанг - сарчашмаи ваҳдати халқҳо”-и академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия -- Ваҳҳоб Набиев инчунин дар сомонаи расмии “Lambert Academic Publishing” нашр гардида, дар тамоми онлайн-мағозаҳои ҷаҳон низ қобили дарёфт шудааст.

Дар ин китоб мақолаҳои солҳои 90-уми асри ХХ ва солҳои ахир навиштаи муаллиф ҷамъоварӣ шудааст: “Ин мақолаҳо ба таври густурда, воқеӣ ва васеъ баррасӣ гардида, дар он шаклҳои гуногун, роҳҳо ва воситаву ҳамгироии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя инъикоси худро ёфтааст. Муаллиф дар маводаш бо далел ва мисолҳои мушаххас муносиботи эҷодӣ ва илмии нависандагони ҷавонро баён намуда, ҳамзамон аз мушкилоти адабиёти бачагона, кўмаки мутақобила, бародарӣ, баррасӣ дар идоракунии офатҳои табиӣ дар сохтмони иншооти иқтисодии кишварҳои ҳамсоя ва ғайра андешаронӣ намудааст".

Манбаъ мегӯяд, профессор Ваҳҳоб Набиев инчунин оид ба нақши пешбари фарҳанг дар ягонагии мардум, мероси фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи фарҳанги Тоҷикистон дар баргузории идҳо ва даҳсолаи санъат, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ маълумоти муфассал додааст: “Дар китоби мазкур таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, оштии миллӣ, муттаҳид намудани ҷавонон дар бунёди давлати соҳибистиқлол бо арқоми фаровони илмиву публитсистӣ мавод омода карда шудааст”.

Профессор Ваҳҳоб Набиев феълан ба ҳайси мудири кафедраи “Таърихи Ватан”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебарад. Ӯ муаллифи зиёда 40 монографияву брошюраҳо ва беш аз 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)