Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:59

Исмоилов: Раҳо шудам, аммо қаламро раҳо намекунам

17 октябр 2011, 04:13

Ман, ки барои мардуму ҷомеа, барои рушду пешрафти минтақа заҳмат мекашидам, чаро акнун 35 ҳазор сомонӣ ҷарима супорам? Гузашта аз ин, 3 сол бояд ба касби рӯзноманигорӣ машғул нашавам, чаро? Аз давлат ҳамагӣ 52 сомонӣ нафақа мегирам, ҳамсару се фарзанд ва боз як хоҳари мариз дорам, онҳоро чӣ тавр нигоҳубин кунам, ҷаримаро аз куҷо пардохт кунам?...


Ахиран Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ», ки тайи 11 моҳи ахир дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд ба сар мебурд, аз толори суд озод гашт, аммо ба шарти пардохти ҷаримаи сангин дар ҳаҷми 35.000 сомонӣ. Маврид ба ёдоварист, додгоҳи Табошар Исмоиловро мутобиқи чор моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла  тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ муттаҳам донист. Саодат Аттоева, раиси мурофиаи додгоҳии журналист гуфт, додгоҳ бо истифода аз ҳаққи худ, ҷиҳати   сабук кардани таъини ҷазо дар маҳкама 52.500 сомонӣ бояд аз Исмоилов бар ивази озодиаш мерӯёнид, аммо бо сабаби он ки рӯзноманигор ҳудуди 11 моҳ дар ҳабси пешакӣ буд, ҷаримаи ниҳоиро ба 35 ҳазор сомонӣ муқаррар кард.

Ҳукми «одилона»: Яъне 35 ҳазор сомонӣ ҷарима!

Дар ҳамин ҳол, Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Исмоилов аз ҳукми суд, ки ниҳоят зерҳимояашро аз боздоштгоҳ  раҳо кард, хуш истиқбол намуда гуфт: «Иштироки ҳамешагии журналистон дар мурофиаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов ба ҳукми «одилона»-и додгоҳ  мусоидат  намуд». Бону Ҷӯраева афзуд, ҳукми додгоҳ воқеан «одилона»  буд ва волоияти қонун боло гирифт, мо аз ин хеле хурсанд шудем, ҷомеаи журналистӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳама кори аз дасташон меомадаро карданд, то ҳамқаламашон ба озодӣ барояд, ин хуб аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори  мустақили Тоҷикистон (АМВАОТ) пешниҳоди додситонии Табошарро, ки барои Исмоилов 16 соли маҳрумият дархост карда буд, бо ҳукми додгоҳ қиёс карда гуфт, ҳукми додгоҳ нисбатан «мунсифона» аст.

Пои рав, аммо дасти «баста»-и журналист

Пас аз раҳоӣ аз боздоштгоҳ Муҳаммадаюсуф Исмоилов дар ҳузури ҳамкасбон ва пайвандону наздиконаш, ҳамчунин вакили мудофеаш ҳудуди як соат сӯҳбат кард. Хабарнигори «Нури зиндагӣ» ба шеваи озод шуданаш ишора карда гуфт: «Ман, ки барои мардуму ҷомеа, барои рушду пешрафти минтақа заҳмат мекашидам, чаро акнун 35 ҳазор сомонӣ ҷарима супорам? Гузашта аз ин, 3 сол бояд ба касби рӯзноманигорӣ машғул нашавам, чаро? Аз давлат ҳамагӣ 52 сомонӣ нафақа мегирам, ҳамсару се фарзанд ва боз як хоҳари мариз дорам, онҳоро чӣ тавр нигоҳубин кунам, ҷаримаро аз куҷо пардохт кунам?. Исмоилов мегӯяд, ба ҳукми эъломшудаи додгҳ дар қиболаш розӣ нест ва ба ҳеч ваҷҳ аз журналистика канор нахоҳад рафт. «Ҷомеаи мо аз камбудӣ ва мушкилоти фасодкорӣ орӣ нест ва агар журналистон ба танқиди мансабдорону ҳаннотон даст назананд, пас кӣ ҳуқуқи мардумро ҳимоя мекунад, давлат бо ин нуқсҳо чӣ гуна пеш меравад?»,- мегӯяд ӯ. Чаро дасти маро, даҳонамро мебастаанд, ман ба ин розӣ нестам,- бо овози паст ва аммо қатъияти махсус изҳор дошт, Исмоилов.

Қамари Аҳрор 

Аз идораи хабаргузории «Озодагон»: Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи июни соли равон оғоз карда буд.   Сабаби боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоиловро коршиносон ҳанӯз ҳамон вақт ба фаъолияти касбии ӯ рабт дода буданд, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва дар ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» нашр мекардааст. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов  ба таҳқиру тавҳин ва маҳалгароию тамъаҷӯӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда, моҳи ноябри соли 2010 дастгир гардида, то рӯзи 14-уми октябр (то озод шуданаш аз толори додгоҳ) дар боздоштгоҳи рақами 2-и вилояти Суғд ба сар мебурд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!