Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:42

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав акнун гиребони ҳамдигарро мегиранд?

17 октябр 2011, 07:03

11 октябри соли равон, соати 23:20 ба вақти Масква дар кӯчаи Перерваи пойтахти Русия 20 муҳоҷири меҳнатӣ бо ҳам вориди задухӯрд шудаанд.


Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, миёни ҷабрдидагон ду ҳамватани мо ҳам будаанд. Х. Зубайдуллоеви 27 сола ва И. Қурбонови 32 сола дар пайи ин низоъ ҷароҳат бардоштаанд. Ба мақсади огоҳии бештар аз ҷараёни корҳои тафтишотӣ намояндаи сафорат ҳамроҳ бо як нафар аз намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия ва корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  дар он кишвар бо С. Никонов, сардори Раёсати тафтишотии назди раёсати корҳои дохилии ҳавзаи маъмурии Ҷанубу Шарқи Маскав мулоқот намудаанд. Никонов гуфтааст, муноқиша миёни муҳоҷирини кории тоҷикистонӣ шаби 11 ба 12 октябри соли равон ба вуқӯъ пайвастааст. Зубайдуллоев ва Қурбонов ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, як нафари дигар аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари иқомат ҷустуҷӯ мешавад. Айни замон, ба назокати корҳои тафтишотӣ, ном ва мушаххасоти шахси сеюм ва ҳамчунин, нишонии шифохонае, ки ду шаҳрванди ҷабрдидаи дигар - Н. Тораев ва А. Манатпулодов зери муоинаи шифокорон қарор доранд, ифшо намегардад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!