Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:32

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар Шӯрои МН мавриди баррасӣ қарор гирифт

17 октябр 2011, 07:52

Таҳти раёсати Шукрҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси Намояндагон сурат пазируфт.


Тавре Муҳаммадато Султонов,  котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, зимни нишаст як қатор лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасии аъзои шӯро қарор гирифт. Аз ҷумла, тарҳи қонун «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» аз ҷониби аъзои шӯро ҳаллу фасл гардиданд.

Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо  «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйирот ба кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи лоиҳаи барномаи давлатии қарзгирии берунаи ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2014 ва оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон    «Дар бораи аз эътибор соқит донистани низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Манбаъ афзуд, аъзои шўро лоиҳаҳои қонунҳои мазкурро барои баланд бардоштани вазъи зиндагии аҳолии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки таҳия ва пешниҳоди чунин лоиҳаҳо аз тарафи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин органи олии қонунгузори мамлакат омили асосии рушду густариши соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ маориф, варзиш, фарҳанг ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор меравад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!