Бахшҳо

Анҷоми машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар Суғд

Маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо тирпаронии ҷангӣ, ки 17 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд шурӯъ гардид, чаҳоршанбеи 20 август дар машқгоҳҳои низомии «Чоруқдарон» ба анҷом расид.

Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, дар расми ҷамъбасти ин машқҳо раиси вилояти Суғд, сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 -- Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири мудофиаи кишвар -- Шералӣ Мирзо иштирок намудаанд: «Ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки тактикӣ сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои гарнизони Суғд, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои низомии мамлакат дар сурати сар задани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани рўҳияи ҷангӣ, сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани амалҳои ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва куҳистон мебошад».

Ба иттилои манбаъ, дар машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии горнизони Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 200 адад техникаҳои зиреҳпўши ҳарбию артиллерӣ ва автомобилӣ истифода гардидааст.

Манбаъ афзуд, дар поёни маросими ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба чанд нафар пешқадамону фаъолон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт: «Аз ҷумла, ба раиси вилояти Суғд, сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 Абдураҳмон Қодирӣ нишони ҷашнии 20-солагии мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд».

Ёдрас мекунем, ки ин чорабинӣ бо ҷалби 30 ҳазор нафар дар 3 марҳила ва дар машқгоҳҳои низомии «Чоруқдарон» ва «Нурафшон» ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифта, аз захираи эҳтиётии даъватшавандаҳои ҳар ноҳия, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техника ва лавозимоти барои баргузории маҷмўи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ зарурӣ истифода гардид ва баргузории машқҳову мавзўъҳои омўзишӣ зери назорати қатъии Шералӣ Мирзо - вазири мудофиаи кишвар, сурат гирифтааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)