Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:10

Хонаводаҳои камбизоат дар Ёвону Истаравшан кӯмакпулӣ гирифтанд

18 октябр 2011, 08:46

Аз аввали соли равон то имрӯз ба 7.280 оилаҳои камбизоат бо маблағи 2.014.487 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардидааст.


Тавре ба “Озодагон” аз агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат хабар доданд,   аз ҷумла  ба 3.788 оила дар ноҳияи Ёвон  ва ба 3492 оила дар шаҳри Истаравшан кӯмак расонида шудааст.

Гуфта мешавад, ҷиҳати татбиқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 қарори ҳукумати  Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2010, №586 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон» интишор гардид. Тибқи  он дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба ҷои кӯмакпулиҳо ва ҷубронпулиҳои солҳои қаблӣ шакли ягонаи кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат-кӯмакпулии унвонӣ баа таври таҷрибавӣ тайи солҳои 2011-2012 ҷорӣ гашт,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!