Бахшҳо

“Қазияи зодрӯзи Амирбек” номи Тоҷикистонро сархати расонаҳои ҷаҳон кард

Ҷарима шудани Амирбек Исоев, як ҷавони тоҷик барои ҷашн гирифтани рӯзи мавлудаш берун аз хона номи Тоҷикистонро ба сархати расонаҳои маъруфи ҷаҳон кашонд.

Расонаҳое ба монанди “The Telegraph”,“Daily Mail”, “Global Post”, “BBC”, “The Week”, бахши инглисии “Радиои Озодӣ”-ву чандеи дигар ба ин мавзӯъ пардохтаанд. Фарзи мисол “The Telegraph” дар ибтидои матлабаш навиштааст: “Пои Амирбек Исоев ба додгоҳ кашида шуд. На барои он ки ҷашнгирии рӯзи мавлудаш ҳамсояҳоро аз хоб бедор кард, балки зодрӯзро дар ҷойи умумӣ таҷлил кард”.

“Daily Mail”, як расонаи маъруфи дигари бритониёӣ дар пасманзари ин хабар навиштааст: “Баргузории рӯзи мавлуд метавонад қонунеро дар Тоҷикистон нақз кунад, ки анъанаҳои мардумро танзим ва аз хароҷоти беш аз ҳадд ҷилавгирӣ мекунад”.

“The Week” навиштааст, “Амирбек Исоев танҳо нафаре нест, ки зери нақзи ин қонун монда бошад”. Ин расона дар пайванд бо ин хабар аз қавли расонаҳои тоҷикӣ навиштааст, “соли 2014 қонуни мазкур 394 маротиба нақз шудааст”.

Расонаҳои русӣ ҳам дунболи ин хабар буданд ва аксари хабаргузориву торнамоҳои Русия ҷарима шудани Исоевро барои чанд муддат дар рӯйхати хабарҳои муҳими рӯзашон ҷойгузин карданд.

Амирбек Исоев 10 июли соли равон аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои нақзи қонуни танзими расму ойин ва маросимҳо 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ӯ пас аз гузоштани чанд акс дар Фейсбук ба додситонӣ даъват шуда, онҷо алайҳаш парвандаи маъмурӣ кушоданд.
Мӯҳр
в
Конунро вайрон кард, чарима шуд. Чи чои ачоибот аст? Агар акл медошт расмхои зодрузашро дар Фейсбук чоп намекард, ягон гап намешуд. Худи ман 60 нафарро ба ресторан дар зодрузам даъват кардам. Лекин на расм гирифтаму на дар Фейсбук чоп кардам. Хамааш тинч гузашт.

зара
ман дар як чиз хайронам бароичи вазирону раисову коркунони давлат зодрузашона чашн мегиранд ба онхо мумкин ба мардуми камбагал мумкин нест дар точикистон конун барои хама як нест батаври худ боз ин давлати демократист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)