Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:43

Додгоҳ: Ҳукми ниҳоии падари «Алии Бедакӣ» эълом мешавад

19 октябр 2011, 03:30

Муҳокимаи як гурӯҳи иборат аз 28-нафарии сокинони водии Рашт дар Додгоҳи низомии Тоҷикистон ба анҷом расидааст.


Тибқи иттилои расида, ин афрод бо ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам дониста мешаванд ва ҳукми онҳо дар наздиктарин фурсат эълом хоҳад шуд. Дар миёни муҷримин Музаффар Давлатови 76-сола, падари Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба «Алии Бедакӣ»  аз фармондеҳони мухолифи ҳукумат дар замони ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳаст. Маврид ба ёдоварист, Аловуддин Давлатов пас аз имзои мусолиҳаи миллӣ ба зиндагии мулкӣ баргашт, аммо дар соли 2010 дубора силоҳ гирифта, алайҳи ҳукумат бо чанд нафар аз ҳамсангаронаш ба муқовимат пардохт. Мақомоти интизомӣ дар аввали моҳи январи соли 2011 эълом карданд, ки Алии Бедакӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ зимни як даргирӣ дар Рашт ба ҳалокат расид.

Дар ҳамин ҳол, Ӯрунбой Шерматов, вакили мудофеъи Музаффар Давлатов (падари Аловуддин Давлатов) гуфтааст, додрасҳои додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафтаанд ва шояд то 10 рӯзи дигар ҳукми ин афроди муҷрим эълон шавад.Ба қавли адвокат Музаффар Давлатов бегуноҳ аст ва бояд озод шавад. Вале, додситонӣ тақозо дорад, ки Давлатови 76-сола бояд ба 10 соли зиндон маҳкум шавад.

Ёдрас менамоем, амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мухолифи силоҳнок дар минтақаи Камарови Рашт пас аз ҳамлаи онҳо ба қатори мошинҳои вазорати дифоъ дар моҳи сентябри соли 2010 оғоз гардид. Дар ин даргирӣ дастикам 26 сарбозу афсари нерӯҳои ҳукуматӣ қурбон шуда, иддае дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Зимнан, дар амалиётҳои низомӣ ҳудуди 20 нафар аз мухолифини ҳукумат боздошт ва ё кушта шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!