Бахшҳо

АКС: ВУД Ҳоҷӣ Ҳалимро дар ташкили "дастаи террористӣ" муттаҳам кард

Вазорати умурои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини вазири мудофиаи кишварро, ки чанд соати пеш бо қарори ҳукумат аз вазифа барканор шуд, дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва террористӣ муттаҳам кард.

Ин ниҳод ҳамлаҳои мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи кишварро кори Назарзода хондааст. Дар изҳороти ВУД, аз ҷумла омадааст, “имрӯз 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи кишвар ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд”.

Ба қавли масъулини ВУД, дар пайи ин ҳамлаҳо, 4 корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД (ОМОН) ва 4 корманди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидаанд. Манбаъ таъкид кардааст, шаш тан аз ҳамлагарон боздошт ва нуҳ тани онҳо кушта шудаанд.

Матни комили изҳороти ВУД:

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст.

Аснои амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷои истиқомат ва корхонаи нонпазии мансуб ба ҳоҷӣ Ҳалим Назаров, ҳамчунон ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳангоми содир намудани амалҳои террористӣ ҳоҷӣ Ҳалим Назаров бо роҳи фиреб, сохтакорӣ ва ба иштибоҳ андохтани кормандони Вазорати мудофиа, ҳамчунон аз мансаби муовини Вазири мудофиа сӯистифода кардааст. Ҳоҷӣ Ҳалим Назаров аз аввал то охир дар ин амалиёти террористӣ ширкат варзида, онро шахсан роҳбарӣ намудааст.

Ҳангоми амалиёти махсус аъзоёни дастаи террористӣ - Муродов Сарабек Баротович, соли таваллудаш 1967 зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғафуров 112, хонаи 47, Ибронов Илҳомиддин Маҳмадулоевич, соли таваллудаш 1972, зодаи ноҳияи Ваҳдат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён, хонаи 35, Сафаров Собир Каримович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 28 А., Аюбов Фозил, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, хонаи 4, Холиқов Хуршед Додихудоевич, соли таваллудаш 1976, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, Салоев Ҳаёт Амриддинович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душабе, дастгир карда шуданд. Ҳамчунон дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи террористӣ Абдуллоев Зиёраддин, собиқ размандаи ИНОТ, аъзои ҲНИТ, ки дар асоси Созишномаи Сулҳ ба кор дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст, инчунин ҳашт нафар ҷинояткорони дигар, безарар гардонида шуданд. Як гурӯҳ террористон бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор намуданд. Кофтукови ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ва дигар ҳаммаслакони ӯ бо тамоми роҳу восита аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат идома дорад.

Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби Проркуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар дастгир намуданд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаи террористии ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ба сохторҳои қудратии мамлакат ҳамкории хешро дареғ надоранд.


АКС: ВУД Ҳоҷӣ Ҳалимро дар ташкили "дастаи террористӣ" муттаҳам кард

АКС: ВУД Ҳоҷӣ Ҳалимро дар ташкили "дастаи террористӣ" муттаҳам кард

АКС: ВУД Ҳоҷӣ Ҳалимро дар ташкили "дастаи террористӣ" муттаҳам кард


Аксҳо аз торнамои расмии ВУД
Мӯҳр
О банааааа охо банааа.
Сар шуд ку...

ромит
мардуми ромит ду нафарашро дошта ба кормандони милиса супориданд.

Шогирд
Дуруги махз! Чаро призидент озодш накард?

Шокир
Хочи Халим аъзои ХНИТ нест ва набуд. Корманди вазорат дифоъ хак надорад узви ягон хизб шавад инро конун манъ кардааст. Вакте у дар чанги шахрванди аз як тарафи гурухи мусаллах чангид маънои онро надорад ки узви хнит аст. Барои чи командирхои фронти халки хама зидди хукумат хесткнд аъзои хъдт гуфта намешаванд. Номи хнит ро сиёх накунед

Муслим
Аллоh хар гуна бадхоху фитнаандозро нобуд созад.

Аз кормандони хифзи хукуки Точикистон хохиш мекунам амали инхоро бо тамоми пахлухои конунхои амалкунанда мавриди санчиши чидди карор дода, чазои сазоворро нисбати онхо амали намоянд. Нафаре, ки ба ватани худ хиёнат мекунад у сазовори зиндагии шоиста нест. Худовандо, Точикистони моро аз ин номардону нохалафон нигах дор.

шахрванд
намедонам ба ин мардум боз чи намерасида бошад? садкаи нону намаки хамин сарзамини обод шавед!!!!!!!!

Аз оне, ки ин гурух муташаккил ин кадар кушод амал кардаанд, чаро сабаби ба ин амал даст заданашонро ягон нафари масъул итлоъ намедихад? То шамол нашавад, барги дарахт... Ба ин вазир чи намерасид?

Зафар
И курнамакхоро садкаи нону намаки ами давлат кна вазифа хаст рутбаи генералиро доданд чи мехоханд дигар?

Ин фанатикҳои асри 21 аз амалҳои террористии ДОИШ илҳом мегиранд ва бо нақшаи онҳо амал мекунанд. Метарсам, ки минбаъд инҳо ба сари халқи тоҷик бадбахтиҳои дигаре меоранд. Инҳо ҳама фақат дасту панҷа ва думи аждар - ДОИШанд. Бояд аввал бо тамоми қувва он давлати исломии террористонро нобуд кард. Пас ин чокарон худ ба худ нест мешаванд.

Нилуфар
Абру боду маху хуршеду фалак даркоранд
То ту ноне ба каф орию ба гафлат нахури... Шукри Худоро кунеду аз Худо гофил набошед, шукри обу хоку нони Точикистон ва сарвари окилро кунеду тинчу ором ба сар баред!!!!!!


Фируз
Садкаи рутбаи генерали шаву садкаи хочиги! Инсон набудаи

ислом.70mail.ru
Ин генерал фахмид ки навбаташ расид, барои хамин нахост мисли генерал Чага шавад. Окибати хама ба хайр шавад ва Худованд ватани азизамонро ва миллати азизу азияткашидаамонро нигахбон бошад. Аз Худои муттаъол дуъо кунем ки модари Точик факат ашки шоди резад на ашки гам. Ва дар охир аз баъзан кормандони бесавод, муфтхур, беимон хохиш мекунам ки ин кадар мардумро тачовуз накунед. Бояд шумо барои халк хизматгор бошед, аммо имруз халк дар хизмати шумо хаст. Акалан дили мардумро наранчонед!

мир
ин хочи не, ба хочи гуфтан арзанда нест. Итминон дорам, ки хачаш кабул нашудааст. худо хор кунад чунин ношукрхоро. нони ватан кур кунад, ту барин худобехабару курнамакро!!!!!

Таърих гувох мебошад, ягон чангчу ба максад нарасидааст. Агар сулху амони набошад мо ба ягон дастовард ноил намегардем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)