Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:48

«Шоми Табрез» дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ

19 октябр 2011, 08:59

Имрӯз райиси МН Шукурҷон Зуҳуров шаҳрдори шаҳри Табрези ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризои Навин ва ҳамроҳони ўро, ки дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба хабаргузории «Озодагон» дар ин бора иттилоъ дода афзуд, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои  Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров доштани  таърих, забон, фарҳанг ва ойини муштарак байни миллатҳои тоҷику эрониро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо арзёбӣ кард. Тазаккур дода шуд, ки фарҳангу тамаддуни миллати тоҷику эронӣ тайи қарнҳои гузашта тамоми дунёро фаро гирифта буд ва имрўз низ ин тамаддуну фарҳанг тавассути ворисони нобиғагони ин миллатҳо ба дунёи муосир муаррифӣ мешавад.Шаҳри Табрезро ватан ихтиёр кардани яке аз нобиғагони илму адаби тоҷик, Камоли Хуҷандӣ ва дар шаҳри Кўлоби Тоҷикистон мадфун шудани Мирсайид Алии Ҳамадонӣ далели пайванди ногусастанӣ доштани ду кишвар маҳсуб мегардад. Зуҳуров иброз дошт, ки баргузор намудани рўзҳои фарҳанги шаҳри Табрез дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳамин тавр доир намудани рўзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар  Эрон ба раванди густариши муносиботи ду кишвар заминаи тоза ва устувор эҷод карда, қадами ниҳоят муҳиме дар ривоҷу равнақ ёфтани ин муносибот хаҳад шуд.

Алиризои Навин нахуст раиси Маҷлиси намояндагон ва тамоми миллати тоҷикро бо 20 – солагии истиқлолият    табрик гуфта, изҳор дошт, ки миллатҳои тоҷику эронӣ ҳамчун асосгузорони илму адаб дар ҷаҳон шинохта шудаанд ва имрўз осори гаронбаҳои намояндагони ин миллатҳо бинобар сабаби пурмўҳтавову пурмазмун буданашон ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуда, дар миёни халқу миллатҳои гуногун ҳаводорони зиёде доранд.

Маврид ба ёдоварист, шаҳри Табрез қадимтарин шаҳри  Эрон ба шумор рафта, таърихи 3500 сола ва 2 миллион аҳолӣ дошта, бо Тоҷикистон муносиботи хуб дар ҳамаи соҳаҳо дорад. Шаҳри Табрез бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бародаршаҳр мебошад. Табрез қаблан пойтахти Эрон буд.

Қайд гардид, ки шоми имрўз дар театри опера ва балети шаҳри Душанбе намоиши «Шоми Табрез» бо иштироки беҳтарин ҳунармандони эронӣ баргузор мешавад, ки баргузории чунин намоишномаҳо риштаи дўстӣ ва бародарӣ миёни миллатҳои тоҷику эрониро таҳким мебахшад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!