Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

Андозгурезҳоро ошкор мекунанд

19 октябр 2011, 09:17

Дар пайи як амалиёти кормандони бахши андоз дар ноҳияи  Фирдавсии пойтахт муайян шудаст, ки бо иллати бемасъулиятӣ ва хунукназарии бархе аз роҳбарон бақияи қарзҳои корхонаҳо дар ҳоли афзоиш аст.


Тибқи маълумоти раёсати андози ноҳияи мазкур зимни санҷиш дар ҶДММ «Истар»,  воқеъ дар кӯчаи Қаҳҳоров маълум гардидааст, ки роҳбари ҷамъият Фарҳод Султонов ба 11 нафар соҳибкор дар ҳудуди корхона иҷора додааст. Бо вуҷуди имкони пардохти андоз корхона дар назди буҷа аз андози молу мулки ғайриманқул 2 ҳазору 900 сомонӣ қарздор мебошад. Бар замми ин ҷамъият фаъолияти кории худро давоми 5 соли охир бе доштани мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ роҳандозӣ кардааст. Ба иттлои манбаъ, ҳамчунин бо ҳамин ҳолат монанд муасисаи ҶДММ «Хундай ТҶ Моторс», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки соҳибмулкаш Кароматхон Ҳасанова мебошад, бинои мазкурро ба ҶДММ «Хундай Моторс» бо арзиши моҳонаи 1000 сомонӣ ба иҷора додааст. Аммо аз андози молу мулки ғайриманқул ба маблағи 1 ҳазору 500  сомонӣ қарздор аст. Барои рӯёнидани маблағҳои қарзи корхонаву ташкилотҳои номбурда аз тарафи нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида шуд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!