Тасдиқи марги Назарзода ва Ҷунайдуллоҳ: Аз талаби халъи силоҳ то худкушии генерали фирорӣ
Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдуллоҳ Умаровро дар Ромит тасдиқ карданд. Тавре манбаи муътамади “Озодагон” иттилоъ дод, наздикони Назарзода низ дар раванди шиносоии ҷасади генерали фирорь иштирок кардаанд.
Тасдиқи марги Назарзода ё "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар ҳолест, ки дар бораи шеваи маҳви ӯ хабарҳои зиддунақиз нашр мешаванд. “Риа Новости” аз қавли як низомии гуруҳи “Алфа”, ки гӯиё дар безараргардонии "Ҳоҷӣ Ҳалим" иштирок доштааст, навишт: “Низомиёни “Алфа” шоми 15 сентябр ба гуруҳҳо тақсим шуда, ҷойи эҳтимолии Ҳоҷӣ Ҳалимро аз назар мегузаронданд. Ман бо шарикам ногаҳон ду нафар бо либоси низомиро дидем, ки бо таппончаи Макаров мусаллаҳ буданд ва талаб карданд, ки силоҳро гузорем. Аммо мо тавонистем аз автомат сӯяшон тирҳоямонро холӣ кунем, ки дар натиҷа ҳар дуяшон аз по афтиданд. Вақте наздик шудем ҳар дуяшонро мурда дарёфтем. Онҳоро шинохтем, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва Ҷунайдуллоҳ Умаров буданд”.
Аммо “ТоҷНюз” аз қавли сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо гуруҳаш дар наздикии рустои Гускефи дараи Ромит дар муҳосира монда, худро парондаст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нашри як гузориш гуфтанд, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани талоши мақомот барои таслимшавӣ, "зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид".
Инчунин гуфта мешавад, дар амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" рӯзҳои 15 ва 16 сентябр 4 корманди мақомоти низомӣ, аз ҷумла полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ кушта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |