Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи қасрҳои туркии Кабирӣ, худкушии Ҳоҷӣ Ҳалим ва амонати Президент

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон амали собиқ муовини вазири мудофиа -- Абдуҳалим Назарзодаро худкушӣ ва хиёнат хонда, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро саркардаи ин ошӯб гуфт.

Абдулқодирзода имрӯз, 18 сентябр зимни хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ изҳор дошт, Муҳиддин Кабирӣ мехост бори дигар ин Ватанро ба хун оғушта кунад, аммо кормандони мақомоти Тоҷикистон бо баҳои ҷони худ ба дифои Ватан хестанд: “Ин мусибатест, ки миллат ҳеч гоҳ ин хиёнатро фаромӯш намекунад”.

Муфтӣ бо зикри дороиҳои Назарзода бо арзиши 120 миллион сомонӣ суол гузошт, ки бо вуҷуди ин ҳама дороӣ ба ӯ чӣ намерасид ва талош кард, то худаш посух диҳад: “Ин аз худаш вобаста нест, дастури хоҷагони хориҷияш буд. Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҷанги солҳои 90-ум яке аз фаъолону қотилон буд, ки ҳукумат ба хотири сулҳу оромии мо мақомаш дод. Аммо инсоне, ки дар қалбаш ғараз дорад ва вобаста аз дигарон аст, ҳаргиз дӯст намешавад, ҳамеша душман мемонад. Фурсат мехоҳад, ки ҳадафҳояшро анҷом диҳад. Ҳоҷӣ Ҳалим ба амонати ҳукумату сарвари давлат хиёнат кард”.

Ба иддаои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Кабирӣ дар тамоми шаҳрҳои Туркия қасру хонаву истироҳатгоҳҳо дорад: “Барои онҳо дар хориҷ барои рӯзи мабодо хона харида медиҳанд. Ин нақшаи якрӯза нест, он дар давоми солҳо тарҳрезӣ мешавад, бо хоҷагони хориҷияшон дар машварату маслиҳат мебошанд”.

Раиси Шӯрои уламо дар идома ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ аз фурудгоҳу ҳавопаймо дар ҳоли фирор боздошт шудаанд: “Афроде, ки аз раёсати ҲНИТ роҳи гурез пеш гирифтанд, барояшон низ дар хориҷ хонаҳо омода шудааст, то рӯзе мардумро ба по хезонанду манфиатҳои иқтисодию иҷтимоию сиёсии хоҷагонашонро амалӣ кунанд. Чунин хоинон ба монанди дузде ҳастанд, ки бо ҳамроҳии шариконаш моли падарашро медуздад. Падараш ҳеч гоҳ ӯро намебахшад”.

Муфтии Тоҷикистон дар охир таъкид намуд, ки "иншоАллоҳ ҳеч гоҳ наметавонанд оромии кишвари моро халалдор кунанд. Мардуми мо ҷангро хуб медонанд ва ҳеч гоҳ чунин хиёнаткоронро ба Ватан роҳ намедиҳанд”.
Мӯҳр
Беном
Кабири да ҷанг даркор мешуд тамоми тарафдорони худро ки бисёр астанд муқобили давлат мехезонд. То охир истодаги кард ин мардак ба хотири сулҳ шуда. Кабири шахси бомаърифат ва худотарс аст ва гумон намекунам, ки у ба ин кор даст доштааст. Банда надонад худо медонад. Онҳое ки уро ҳамчун душман муаррифи мекунанд одамони худонотарс астанд ва виҷдон надоранд. Аз онҳое метарсам, ки аз худо наметарсанд. Камакак аз охират ҳам тарсед чи ҷавоб медиҳед пеши Худованди бузургвор.

Мухтарам муфти, бо як сухани шумо рози шудан мумкин аст-мардуми мо чанг намехохад. Хочи кори хуб накард, албатта. Вале уро номусу нанги мусулмони ба ин рох бурд. Ленини бузург хам фарзанди дворян буд, вале гами халк уро ба кучаи сиёсат овард. Мо дар айбдоркуни "устухон" надорем, вале дар далелу бурхони котеъ овардан хунар надорем. Ба ин "ривояту афсонахои" гуфтаи шумо танхо одамони содда бовар мекунанд....

nabi farhor
Абдулкодирзода то имруз шумо дар кучо будед,дар бораи М.Кабири бисёр чизхо медонистаед,аммо хомуш.Бояд шумо низ ба чавобгари кашида шавед.То хукумат пеши ягон конуншиканиро нагирад,шумо хамаатон хомуш меистед.

Асадулло
ХАКРО ГУФТЕД КАРИМ АХСАН МАН БА ГУФТАХОИ ШУМО РОЗИ ХАСТАМ ДУРУСТ КАЙД КАРДЕНД!

nabi farhor
Абдулкодирзода шумо хамин кадар бо савод хастед,ки бо хамаи рухониёни точик бахс намудед.Хамаи мо тинчи,ободии ватанамонро мехохем.Ту низ сахми худро гузор.Шумо медонистаед,ки Кабири дар Туркия каср дтштааст,чаро ба амнияти давлати хабар надоед.

Мазлум
Дуогуй шумо хастем устод Аллох бо шумо иншааллох

миллат
Озодагон комментхоро кучо карди??

Муштарй
Агар тамоми мавчудоти олам бар зидди Кабирй бошад,агар Аллох нахохад зарра зиён расонида наметавонад яъне хости Аллохи мехрубон мешавад,

Ин муфти, хама гапа медона, хамин муфти медонисту, чида пештар ба макомот хабар надод. Мухтарам Муфти шумо конуна накз карда зери по кардед. Хама гапа медонисти чида прокуратура рафта хабар накарди.

МУФТИ ТУ КУЧОВУ СИЁСАТ КУЧО??? ТУ ВАЗИФАИ АСОСИИ ХУДАТРО ИЧРО НАКАРДА ДАР СИЁСАТ ЧИ КОР ДОРИ??? ТУРО ФАКАТ ДАР МАЪРАКАХОИ ВАЗИФАДОРОН АЗ ХАМА БОЛО НИШАСТАНДА МОНАН СУХАНИ ХАКРО ДИДАВУ ДОНИСТА НАМЕГУИ БОЗ ШАРМ НОКАРДА АЗ МИНБАРИ РАСУЛАЛЛОХ ЪАЛАЙХИССАЛОМ СИЁСАТ МЕРОНИ, КИ ЯК КАЛИМА АЗ ДУНЁ ДАР МАСЧИД РОНДАН ГУНОХАШ ИН АСТ КИ ХУДОВАНД 40 СОЛА ИБОДАТАТРО БАРБОД МЕКУНАД

Ман Амир мехохам ягон рузноманигори бомахорати шумо дар бораи Рустам амакиев кахрамони онкас ,ки синаро сипар карда бе ярок ба гуфтушунид рафту аз суи ноҷавонмардон кушта шуд як маколаи хеб нависед ва Рустам Амакиевро ба мисли Ахмадшои Масъуд онкас Шери Панҷшер буданд инкас Шери Тоҷик ё Шери Кулоб ном баред

Ташаккур устод Сайидмукаррам Абдулқодирзода барои суханони хаккатон. Ин нахзатихо, ки хоинони миллатанд бояд саркуб карда шаванд.

amin
Худи муфти аз кучо хонаву дар мошин ва хама дороияш аз кучо?
Маошаш чи кадар?Беном,

Анушервон
Ин Абдулкодирзода хамаи асрори Кабириро медонистааст, лекин бо хукумат пеш аз вукуъи вокеъа хамкори накардааст. Бояд Абдулкодирзода хам мучозот шавад.

Муслим
Рузе мерасад, ки касрхои шуморо хам мегуянд.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)