Бахшҳо
22 сен 2015 12:07Тоҷикистон / Сиёсат

(ВИДЕО) Қаршибоев: Ҳукумат расонаҳои мустақилро ба ҳайси “козлов отпущения” мешиносад

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) душанбеи 21 сентябр аснои суханронӣ дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава дар бораи вазъи озодии баён ва дастрасӣ ба иттиллоъ дар Тоҷикистон суҳбат кард.

Ӯ вазъи озодии расонаҳо ва озодии баёнро дар Тоҷикисон мушкил арзёбӣ карда, гуфт, “агар дар ибтидои сол таъсири буҳрони молӣ таҳдид мекард, акнун вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ба озодии баён таъсири манфӣ мерасонад”.

Ҷаноби Қаршибоев дар нишасти Варшава бо ишора ба қазияҳои ахири Тоҷикистон гуфт, “ин ҳаводис вазъиятро дар кишвар тезутунд кард. Ба тарғиботи давлатӣ мусоидат намуда, мунҷар ба истифодаи забони “душманӣ” ва пушиши яктарафаи авзоъ шуд”.

Ба таъкиди Нуриддин Қаршибоев ҳукумати Тоҷикистон расонаҳои мустақилро на ҳамчун “ҳукумати чорум”, балки ба ҳайси “козлов отпущения” мешиносад. Раҳбари НАНСМИТ афзуд, “кодекси ҷиноии Тоҷикисон моддае дорад, ки барои таҳқири намояндаҳои ҳукумат ва раиси ҷумҳур ҷазо пешбинӣ кардааст. Ба ин тартиб, намояндагони ҳукумат аз интиқод ба муҳофизати вижа таъмин мешаванд”.

Ба ҳисоби Қаршибоев, тайи солҳои 2013-2015 теъдоди парвандаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ бо иштироки рӯзноманигорон ва расонаҳо ба 14 расида, як мавриди таъқиби ҷиноятӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ӯ шикастани почтаҳои электронӣ, сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва гӯш кардани суҳбатҳои телефонии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву рӯзноманигоронро аз чолишҳои дигари Тоҷикистон ном бурд.

Мӯҳр
Акнун Каршибоевро ба махкама бибаранд?
Хамаи мардуми точикро барои овоз доштанаш ба махкама бикашанд.
Ё якбора кишвари кару гунгу кур эълом кунанд, худашонро як дафъа аз конунхои байналмиллали озод мекунанд.

Махина
Ин Каршии чй хак дорад, ки аз номи хама Точикистона паст занад? Расонахои мустакил у мустакилияте надоранд, ки чизе хоханд хамона нависанд.

Ин ду нафар ба ном гами миллатро мехурдаги барои "Кофе брейк"-и аврупои шуда, корхое мекунанд, ки.... ин харфхояшон бахайрМохира,
Мохира,

кафтар
Махина,
хуб мекунад, ки аз номи тамоми Точикистон гап мезанад! Марди далер! Мисли ту нест, ки аз паси номи занаки сухан баланд мекунад. Фахмиди фабрикаи чавоб?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)