Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

«Барқи тоҷик»: Барқи тавлидшуда дар НБО «Сангтӯда-2» нархи гарон дорад

20 октябр 2011, 09:30

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки ба далели гаронии нарх, эҳтимолан барқи истеҳсолкардаи НБО-и «Сангтӯда – 2» дар фасли сармо низ ба хориҷи кишвар содир мешавад.


Ба иттилои манбаъ, раҳбарияти ин нерӯгоҳ  нархи як киловатт қувваи барқашонро  2,5 сент муайян кардаанд. Ин дар ҳолест, ки нархи миёнаи фурӯши барқ дар Тоҷикистон 1,8 сент сари ҳар киловатт мебошад. Айни ҳол аҳолии Тоҷикистон як киловатт барқро бар ивази 2 сент харидорӣ карда истодаанд.

Манбаъ мегӯяд, аз ин рӯ барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда – 2» бо нархи 2,5 сентӣ харидорӣ шуда, ба Афғонистон бо нархи аз 3,1 то 3,5 сент фурӯхта шавад. НБО – и «Сангтӯда 2» бо маблағгузории муштараки Тоҷикистону Эрон бунёд гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 110 мегаватт аввали моҳи сентябр ба истифода дод шуд ва  агрегати дуюм дар назар аст, то охири соли ҷорӣ ба кор оғоз намояд. Ҳаҷми сармоягузории Эрон дар ин нерӯгоҳ 180 миллион ва аз Тоҷикистон 40 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи «Сангтӯда -2» бо усули биотӣ сохта шуда, таи 12,5 сол моли Эрон маҳсуб меёбад ва пас аз ин муддат ба ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузашт.  {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!