Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:17

Давлатов: Маблағҳои буҷавӣ бештар ба ҷойҳои нозарур масраф мешуданд

21 октябр 2011, 07:14

Раёсати молияи вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб бо истифода аз захираҳои дохилӣ тавонистанд, беш аз 1,5-миллион сомонӣ сарфа карда, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ маоши баландгаштаи кормандони соҳаи буҷавиро рӯпӯш намоянд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Изатуллоҳ Давлатов, сардори раёсати мазкур хабар дод. Ҷаноби Давлатов гуфт: «Дар самтҳои гуногун, аз ҷумла сафарҳои корӣ, харидории таҷҳизоту инвентарҳои нозарур ва ба ин монанд, маблағҳои ҷудошударо ихтисор намуда, дар мавриди пардохти ҳақи маоши баландгаштаи кормандони буҷавӣ аз раёсати ҷумҳуриявӣ талаб накарда, тавонистем маблағи заруриро таъмин намоем». Бояд гуфт, ҳамин ташаббуси раёсати молияи минтақаи  Кӯлоб боиси дастгирист, зеро ҳолатҳое мавҷуд будаанд, ки усулан маблағҳои буҷавӣ дар баъзе маврид зиёд барои самтҳое ҷудо мешаванд, ки эҳтиёҷ надорад.

Дар ҳамин ҳол, дар 9-моҳи ҳисоботӣ кормандони молияи минтақа нақшаи даромадро 110-фоиз иҷро карда, ба хазинаи буҷа 56-миллиону 891-ҳазор сомонӣ ворид кардаанд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда беш аз 5-миллиону 300-ҳазор сомонӣ будааст. Маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, нафақа ва идрорпулӣ низ ба пуррагӣ таъмин гаштааст. Давлатов мегӯяд, ягона мушкили раёсат, ин қарздорӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар ташкилоту корхонаҳои буҷавӣ будааст. Ба иқрори ӯ, тӯли 9-моҳи имсол қарзи барқ зиёда аз 110-ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Сабаби асосии қарзи ташкилотҳо ин сари вақт васл нашудани ҳисобкунакҳои барқӣ мебошад. Ҳамакнун, қисмати зиёди корхонаҳои буҷавӣ ба  ҳисобкунакҳо таъмин гаштан доранд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин мушкил ҳам ҳали худро хоҳад ёфт», -афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!