Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Райиси шаҳр тасмим дорад бо мардум рӯ ба рӯ сӯҳбат кунад

21 октябр 2011, 10:09

Шурӯъ аз 20-уми октябр мири шаҳри Кӯлоб мулоқотҳоро бо сокинони  маҳаллаву кӯча ва ҷамоату рустоҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳия ба роҳ мондааст.


Мақсад аз ин вохӯриҳо, шиносоии наздик аз аҳволи онҳо ва дар ҳадди имкон, расидан ба мушкили сокинон будааст. Дар вохурӣ бо шаҳрдорӣ, ки инчунин масъулини корхонаву ташкилотҳои коммуналӣ низ иштирок доранд, ҳар мушкилу савол ва пешниҳоди сокинон ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда, масъулини соҳаҳо баҳри бартараф намудани он супориши қатъӣ мегиранд.

Абдуҳалим Маҳмадалиев, раиси маҳаллаи ба номи «Корвонгузар» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, муҳимтар аз ҳама он аст, ки шаҳрдорӣ бо сардории раиси шаҳр таваҷҷуҳ ба ҳоли мардум доранд. «Шояд дар шароити имрӯза аксари мушкилоти мардум бо сабабҳои гуногун ҳалли худро наёбад, вале мо миннатдор аз онем, ки ба ҳар ҳол ҳукумати маҳаллӣ ҷуръат кардаву бо мардум рӯ ба рӯ дар мусоҳиба меояд. Яъне, шаҳрдорӣ аз ҳоли сокинон бепарво нест».

Маврид ба ёдоварист, ин барои нахустин маротиба нест, ки раиси шаҳри Кӯлоб  вохурӣ бо сокинонро ба роҳ мемонад. Ҳанӯз 3-сол муқаддам, аснои ба ин вазифа таъин шуданаш, Ҳамид Абдуллоев ин гуна ташаббусро рӯи роҳ гирифта  буд. Баъди вохӯриҳо, баъзе аз проблемаҳои бардоштаи аҳолӣ ба таври мусбӣ ҳал гашта буданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!