Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:36

Кӯдакони имконияташон маҳдуд ба «Адел»-у «Атлант»-и 1100 доллара эҳтиёҷ доранд

21 октябр 2011, 12:00

Барои мутахассисоне, ки бо кӯдакони имконияташон маҳдуд сару кор доранд, дар ноҳияи Варзоб семинарии омӯзишӣ идома дорад.


Тибқи иттилоъ, ин ҳамойиш аз 18 то 25 октябри соли  2011 дар толори тарабхонаи «Ҷахонгир»-и ноҳияи мазкур бо ибтикори  Институти «Ҷомеаи Кушода»  – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ЮНИСЕФ  ва мусоидати вазорати тандурустии Тоҷикистон идома хоҳад кард. Ҳадафи омӯзиши ҳаштрӯза баланд бардоштани малака ва савияи дониши мутахассисон барои истифодаи технологияҳои нави ташхис ва ислоҳи ҳолати равониву физиологии кӯдакон ва кӯмаки равонӣ ба волидони онҳо мебошад. Дар тренинг 60 нафар мутахассисон аз муассисаҳои тиббиву маорифи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ширкат доранд.

Гуфтанист, аснои омӯзиш мутахассисони тоҷик малакаи худро дар соҳаи равоншиносӣ, нуқсоншиносӣ ва физиотерапия афзун мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда ба кӯдкони имконияташон маҳдуд беҳтар хизмат расонида шавад.  Ҳафиза Ҷалолова, равоншиноси Машваратхонаи равониву тиббӣ ва педагогии пойтахт мегӯяд, ки дар тренинг онҳо усулхои пешқадами кор бо кӯдаконро омӯхта истодаанд. Тренерон барои барқароркунии узвҳои ҳаракати кӯдакон аз костюмҳои махсус бо номи «Атлант» ва «Адел» истифода мекунанд. Мутаассифона, чунин таҷҳизот барои мо дастрас нест, мегӯяд ӯ. Ба гуфти Леонид Янченко,  равоншинос, эҳёгар ва  логопед, ки ин тренингро гузаронида истодааст, костюмҳои мазкур ба ҳисоби миёна 1100 доллари ИМА арзиш доранд ва онҳоро аз Маскав дастрас кардан мумкин аст. Истифодаи чунин костюмҳо имкон медиҳад, ки кӯдак ба ҳаракат дарояд. Масалан, ин ҷо кӯдаке ҳаст, ки дар давоми 8 рӯзи тренинг бояд худ қадам занад.

Маврид ба тазаккур аст, ки омӯзиши мазкурро мутахассисони Маркази эҳёгарии   Павлодари ҷумҳурии Қазоқистон Леонид Янченко, Ирина  Пупкова ва  Алексндр  Мякота, ки собиқаи зиёди кор бо кӯдакони имконияташон маҳдудро доранд, гузаронида истодаанд.  Феълан дар Тоҷикистон нарасидани мутахассисони соҳибтаҷрибаи равоншиносӣ, нуқсоншиносӣ ва логопеду физиотерапевтҳо эҳсос мешавад, ки бояд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд хизмат расонанд ва ба волидони онҳо маслиҳат диҳанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!