Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Андоз: Қонуншиканӣ дар ширкати «Дружба» ба назар мерасад

24 октябр 2011, 05:20

Дар пайи як амалиёти кормандони бахши андоз дар вилояти Суғд чанд қонуншиканӣ ошкор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи андоз иттилоъ доданд, зимни амалиёти санҷишӣ дар ҶДММ “Дружба” аз тарафи мутахассисон резишгоҳи истеҳсолии маводи спиртӣ мӯҳрбандӣ карда шуда, Азиз Раҷабов, роҳбари корхона  барои риоя накардани талаботи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 3, моддаи  599 такроран  ба маблағи 1.050 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.

Манбаъ афзуд, ҳарчанд ин ширкат аз ҷониби масъулини андоз оиди ислоҳи камбудиҳо борҳо огоҳонида шуда бошад ҳам, шахсони мутассадии корхона ба як хулосаи зарурӣ наомада, ҳисобкунаки дорои хотираи фискалиро дар хатти асосии резишгоҳи  истеҳсолӣ насб накардаанд. Бар  замми ин  корхона ҳамагӣ ба буҷет маблағи 1000 сомонӣ  аз ин намуди андоз дар моҳи сентябр пардохт кардаасту бас.  Маврид ба ёдоварист, моҳи майи соли равон барои нақзи қавонини марбута роҳбари корхонаи «Дружба» ҷарима супорида буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!