Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:02

Бузургтарин ширкатҳои рекламдиҳанда дар Тоҷикистон муайян шуданд

24 октябр 2011, 08:12

Хароҷоти ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон барои реклама дар моҳи сентябр нисбат ба августи соли ҷорӣ 758 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, 5 миллиону 56 ҳазору 171 сомониро ташкил додаст.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз шӯъбаи мониторинги рекламаи Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми иттилои таблиғотӣ дар радио ва телевизион 16 фоиз коҳиш ёфта дар воситаҳои чопӣ баръакс 1 фойиз зиёд гардидаст.Бахши нисбатан фаъол дар бозори рекламаи Тоҷикистон «алоқаи мобилӣ» арзёбӣ мегардад, ки моҳи сентябр 18 фоизи бозори рекламаро фаро гирифтаст.Ҷои дуюмро бахшҳои «молҳои истеъмолӣ» ва «тиб» байни худ тақсим кардаанд, ки ба онҳо мутаносибан 13 фойизии бозори реклама рост меояд.

Таҳлилгарони «Зеркало» дар қатори даҳгонаи калонтарин рекламадиҳандагони Тоҷикистон ширкати мобилии «ТСЕЛЛ», «Мегафон – Тоҷикистон», «Билайн», сипас бонки «Эсхата», баъд «Агроинвестбонк» ва ширкатҳои «Сатурн Онлайн», «SCHONLINE компания», «Хенкел», «Килим» ва «Лотои калони тоҷикӣ»-ро номбар карданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!