Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:47

Вазорати энергетика: Бозори фурӯши ангиштро аз даст доданӣ нестем

25 октябр 2011, 03:21

Дар Тоҷикистон 1 ҳазору 861 адад нуқтаи фурӯш бо захираи 30292,4 тонна ангишт роҳандозӣ гардидааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 90 адад зиёд мебошад.


Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи солонаро  пеш аз мӯҳлат ба миқдори  203490 тонна истеҳсол намудаанд. Захираи ангишт дар соҳаи маориф 28 145,5 , тандурустӣ 5 166 ва дар сохторҳои қудратӣ 2 449 тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз истихроҷи ангишт ба 199390 тонна расидааст, ки ин нишондод 111,1% нақшаи солонаро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2010-ум 25630 тонна афзоиш ёфтааст.

Сарчашмаи хабар иттилоъ медиҳад, ки феълан бо мақсади аз даст надодани бозори фурӯши ангишт нуқтаҳои фурӯши онро зиёд намуда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои буҷавӣ бо ангишт, бо дигар ниҳодҳо ҳамкориро ба роҳ мондаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!