Бахшҳо
26 ноя 2015 10:41Тоҷикистон / Сиёсат

Хатлон: Боздошти се мансабдор бо иттиҳоми тасарруфи 1,2 миллион сомонӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти се мансабдор дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар тасарруфи беш аз 1,2 миллион сомонӣ муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, Одинаев Ҷумахон Сафарович, сармуҳосиб, Асроров Сайдхӯҷа Порсолович, хазиначии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ва Мирзокаримов Маҳмуд Пирҷонович, мутахассиси Шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб кор карда, ба тасарруфи молу мулки давлатӣ ва сохтакории хизматӣ даст задаанд. Оҷонсӣ мегӯяд, ин 3 нафар, “бо маслиҳати пешакӣ, дар давоми солҳои 2013-2015 аз ҳисоби даромади маблағҳои хизматрасонии пулакӣ ба воситаи сохтакорона тартиб додани расидҳои бонкӣ аз ҳисоби буҷет ба номи хазинаи Беморхонаи вилояти, №2 шаҳри Кӯлоб, дар 211 ҳолат маблағи як миллиону 240 ҳазору 500 сомониро гирифта азони худ намуда, ба манфияти шахсияшон сарф намудаанд, ки дар натиҷаи бо ин амалҳояшон ба буҷаи давлат бо миқдори махсусан калон зарар расонидаанд”.

Ба иттилои Оҷонсӣ, дар пайи як амалиёт ин миқдор маблағ аз гумонбаршудаҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст: “Нисбати Одинаев Ҷ.С., Асроров С. П. ва Мирзокаримов М. П. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур идома дошта, сабабу шароитҳои содир гаштани ин ҷинояти мазкур муайян карда шуда истодааст”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)