Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:13

Бурду бохти «Буҷет-2011» дар парлумони кишвар матраҳ гардид

25 октябр 2011, 09:15

Имрӯз, 25-уми октябр, таҳти раёсати Амиршо Миралиев, муовини аввали райиси Маҷлиси намояндагон  муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2011» дар 9 моҳи соли 2011» баргузор гардид.


Зимни муҳокимаи масъала намояндагони ҳукумати кишвар, роҳбарон ва масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон аснои ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, муовини якуми райиси МН намояндагон таъкид кард, ки дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намояд, буҷети давлатӣ мебошад ва дар ин замина вазифаи тамоми мақомоти аз буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд. Амиршо Миралиев мақсади асосии ҷаласаи имрўзаро дар баробари муайян кардани «дастовард»-ҳои мақомоти масъули соҳа, ҳамчунин ошкор кардани камбудию норасоӣ, аз ҷумла омилҳои манфие, ки садди роҳи иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани онҳо арзёбӣ намуд.

Манбаъ афзуд, нахуст  аз рўи ин масъала раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон    оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов суханронӣ намуд. Ӯ гуфт, таъмини пешрафти иқтисодиёти миллӣ дар 9 моҳи соли 2011 ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (МММ)  ба 20,0 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он 7,5 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар тамоми соҳаҳо таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,5 фоиз, кишоварзӣ 9,1 фоиз, гардиши моли чакана 9,0 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 13,4 фоиз ва сохтмон 10,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 афзоиш ёфтаанд.  Музди миёнаи моҳонаи як коргар ба 420 сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 9,5 фоизро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 82,2 сомонӣ зиёд аст.

Сафаралӣ Раҷабов хотирнишон сохт, ки дар баробари барзиёд иҷро гардидани буҷети давлатӣ дар ин давра на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет ба пуррагӣ ҷалб карда шудаанд. Аз ҷумла, аз рўи 4 намуди андозҳо, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ 5,0 млн.сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – 3,1 млн.сомонӣ, андоз аз маҳсулоти коркард – 3.3 млн. сомонӣ ва андози аксизи берунӣ 83,8 млн. сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 95,2 млн. сомонӣ нақша иҷро нагардид.

Сафаралӣ Раҷабов дар поёни баромади худ иброз дошт, ки факту рақамҳои дар гузориш овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки камбудию норасоиҳо оид ба иҷрои қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011»  кам нестанд.

Баъдан, вазири молия, Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси кумитаи андоз,   Нусратулло Давлатов ва сардори Хадамоти гумрук, Гурез Зарипов оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои соли 2011 дар 9 моҳи соли 2011 баромад намуда, роҷеъ ба дастоварду камбудиҳои дар ин соҳаҳо ҷойдошта маълумот доданд. Ҳамчунин, вакилон Маҳмадшариф Ҳақдодов, Шодӣ Шабдолов, Бег Қурбонов, Амирбек Маҳмадалиев, Лутфулло Саидмуродов ва дигарон баромад карданд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!