Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 июл 2017, 16:52

Намоишгоҳи «Тоҷикистон-2011» дар Душанбе ифтитоҳ мешавад

26 октябр 2011, 09:39

Фардо, 27-уми октябр дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ярмарка- намоишгоҳи байналхалқии «Тоҷикистон-2011» баргузор хоҳад шуд.


Тавре аз палатаи савдо ва саноати кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин намоишгоҳ дар қатори корхонаҳои ватанӣ, ширкатҳои мухталифи хориҷа, аз қабили Афғонистон, Беларус , Полша, Қазоқистон, Туркия, Хитой ва Малайзия ширкат мекунанд. Мақсад аз баргузории ин намоишгоҳро масъулини палатаи савдо ва саноат, муаррифӣ ва пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазир аз ҷониби корхонаҳои кишвар, аз ҷумла ҷустуҷӯи шарикони ҳамкор, барқарор кардани муносибати судманди тарафайни иқтисодӣ ва ташаккули имиҷи мусбати Точикистон  арзёбӣ намуданд.

Дар назар аст, зимни ин ярмарка- намоишгоҳ маҳсулоти саноативу хӯроквории корхонаҳои кишвар ба маърази тамошо гузошта шаванд,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!