Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:45

СҲШ ба ҳамкории бештар иқдом карданист

27 октябр 2011, 05:10

Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон машварати 10-уми вазирони давлатҳои узви Созмони хамкориҳои Шанхай, ки масъули фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷиянд, баргузор шуд.


Тавре аз вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни ин ҳамоиш масоили рушд ва тадбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар доираи СҲШ баррасӣ гардида, барои муваффақ гардидан ба натиҷаҳои мутақобилан судманд дар соҳаи иқтисодӣ иқдом карда шуд. «Айни замон шартномаҳо дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар ҷараёни ҷаласаҳои шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расидааст, фаъолона тадбиқ мешаванд»,-афзуд манбаъ. Ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодиву сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд, ки тадриҷан корҳои амалиро ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ амалӣ намоянд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!