Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 16:37

Иқтисод: Нархи гӯшт дар Душанбе беш аз 28 дарсад қимат шуд

27 октябр 2011, 08:17

Кӯшишҳои ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии гароншавии нархи гӯшт дар пойтахт, ки бо ин мақсад 4 миллион сомониро равона карда буд, самараи дилхоҳ надодаанд.


Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар пайи мониторинги бозори озуқаи шаҳри Душанбе, нархи миёнаи як килограмм гӯшти говро 29,5 сомонӣ арзёбӣ карданд, ки ин дар муқоиса бо нарх дар моҳи сентябр 50 дирам ва дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта 34 фойиз ва нисбати аввали сол 28,2 фоиз қимматтар аст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Агентии омори кишвар ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар кишвар тайи нӯҳ моҳи соли равон нисбат ба соли гузашта 5,2 фоиз зиёд гашта ба 92,6 ҳазор тонна баробар шудааст.

Ба  иттилои Агентии омор саршумори ҳайвони калони шохдор дар Тоҷикистон, тайи нӯҳ моҳи соли равон ба миқдори 56 ҳазору 700 сар зиёд шудаанд, ки дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта 3 фойиз зиёдтар аст.  Ба иттилои масъулини Агентӣ ба ҳолати якуми октябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар, саршумори ҳайвони калони шохдор, 1 миллиону 900 ҳазор сар ташкил додаст.

Саршумори бузу гусфанд ҳам тайи моҳҳои январ – сентябр дар Тоҷикистон 128,2 ҳазор   зиёд шудааст. Дар мавриди гӯшти гусфанд, масъулини Вазорати рушди иқтисод мегӯянд, ки тайи як моҳи ахир ҳудуди 1,5 сомонӣ арзон шуда, ҳудуди 27,5 сомонӣ нарх дорад.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз афзоиши саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт, нархи он дар бозорҳои пойтахт майли гаронишавӣ дорад, замоне, ки тибқи қоидаҳои бозор афзоиши истеҳсолот ва пешниҳоди мол бояд нархи онро дар бозор коҳиш диҳад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!