Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

Барқ: 13 зина пойин рафтани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ

28 октябр 2011, 03:30

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистонро  дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ – 2011», ки роҳнамои фаъолияти сармоягузорони байналмилалӣ арзёбӣ мегардад, баъди таҳлили сатҳи дастрасӣ ба барқ дар кишвар, 13 зина қафо партофтаанд.


Қаблан, ин рейтинг бо назардошти нӯҳ меъёр, аз қабили соддагии боз кардани тиҷорат, дарёфти иҷозатнома барои сохтмон, ба қайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ҳимояи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, иҷроиши шартномаҳо ва қатъи фаъолияти ширкатҳо таҳия мешуд, ки аз рӯи инҳо Тоҷикистон миёни 183 давлат дар ҷои 139 –ум қарор дошт. Баъди ворид кардани меъёри нав: Сатҳи дастрасӣ ба барқ дар кишварҳо, мавқеи Тоҷикистон аз 139 –ум то 152 – юм фаромадаст.

Аз рӯи нишондоди сатҳи дастрасӣ ба барқ Тоҷикистон дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ – 2011» миёни 183 кишвар, дар ҷои 181 – ум қарор дорад. Дар рейтинги нав барои соли оянда, - «Пешбурди соҳибкорӣ – 2012» Тоҷикистон аз рӯи сатҳи дастрасӣ ба барқ ба ҷои 177 –ум фаромадаст, вале ҳамоно дар қатори шашгонаи қафомондатаринҳо дохил мешавад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!