Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

«Асирон»-и асри нав дар китобхонаи Асирӣ

19 май 2011, 06:32

Оид ба кори китобхона зиёд гуфтанду навиштанд, гоҳе таърифу гоҳе дигар шикоят. Дар китобхонаҳо, ба гуфту китобдорон зиёдтар мавсими санҷишу имтиҳон толори китобхонаро донишҷӯён баҳри иҷрои супориши устодон пур мекунанд, боқимонда дар дигар мавсимҳо, аксарият роҳи ин макони донишро гум мекунанд.

Ба ҳар ҳол бо ин ҳама танкидҳо, ба гуфтаи як хонандаи доимии ин китобхона Басирҷон  дар ин макон «олим ҳам, золим хам, тарбият меёбад».

Дар шӯъбаи матбуоти даврии китобхонаи оммавии вилоятӣ ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд, як қисме аз рӯзномаҳои маъруфи ҷумҳурӣ «Озодагон», «СССР» «Миллат» «Омӯзгор» ва бархе аз рӯзномаҳои дигарро, ки хонандагони зиёд доранд, пайдо кардан амри маҳол аст. Аксаран донишҷӯёни хатмкунанда рисолаи дипломӣ ё кори курсӣ доир ба рӯзномаҳои мустақил ё «Инъикоси ҳаёти ҷомеа дар матбуоти даврӣ»  кори илмӣ карданӣ шаванд, аз пайдо кардани  шумораҳои пешини ин ҳафтаномаҳо мушкилӣ доранд.. Ва сарсон ҳар куҷоро ҷустуҷӯ мекунанд.

Ҳар бор вориди китобхона шавем, дар сӯхбат бо  хонандагон аз  муносибати сарди кормандони китобхона, ва аз ҷониби муқобил бошад, баръакси  онро мешунавем. Маълум нест, ки кӣ гунаҳкор?

Тибқи гуфтаи китобдорон сафи мутолиакунандагон баъди пайдо шудани интернет хеле кам шудааст. Аксаран маълумотҳои лозимаро тариқи интернет пайдо мекунанд, ки ин заҳмати андакро талаб мекунад. Тавре мо мушоҳида кардем, дар ошёнаи чоруми китобхона, интернети ройгон бо дастгирии сафорати Амрико «American Corner KHujand» ташкил карда шудааст, хонандагон аз ҷумла талабаҳои мактаби миёна, рӯз дар миён машғули сӯҳбат бо шахсони бегона бо «Agent» ҳастанд. Шахсе масъуле, ки инро назорат мебарад, мусиқиро баланд монда, бокс ва киноҳои навро аз инет «скачат» кардан дораду парво аз он надорад, ки кӣ ба чӣ кор машғул аст.

Аммо бар замми кам шудани сафи мутолиакунандагон, қисми кӯчаке аз муроҷиаткунандагон китоби лозимаашонро пайдо мекунанд. «Ин китоб аз мо нест», шиори кормандони китобхона гардидааст.  Ростӣ зиёд ба китобхонаи номбурда, баҳри иҷрои супориши устодон вориди ин махзани илму дониш мегардем, аксаран китобҳои лозимаро пайдо карда натавониста дасти холӣ бармегардем, ки инро аксари донишҷӯён низ дар сӯҳбат қайд карданд. Китобдорон ин ё он китобро пурсон шавӣ ба шӯъбаи дигар мефиристанд, ки дар «каталог», феҳрастҳо, номи китобҳои лозимаро пайдо карда биёред. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд, пешниҳоди чандин асарҳо танҳо як ё дутоашро имкони пайдо кардан аст.

Аз панҷ номгӯи китобҳои пешниҳодкардаи мо аз ҷумла «Устоди ман, мактаби ман, худи ман»-и Ҷалол Икромӣ, романи «Fуломон» Садриддин Айнӣ, «Дуроҳаи буронӣ»-и Чингиз Айтматов, повести «Ҷамила»-и Ч.Айтматов ва романи  «Дохунда»-и С.Айнӣ ба мо муяссар шуд, ки як романи «Дохунда»- С. Айнӣ-ро, ки аксари варақҳояш дарида ва паҳну парешонанд, пайдо кунем. Гумон аз он аст, солҳо аз истифода набурдану ба як кунҷ хобидан , ба ин аҳвол намерасад ё ҷонвари хурди безабон муш онро ҳеҷ гоҳ чунин варақҳоро чудо намекунад. Дар ягон ҷои саҳифаи он изи дандони ин ҷонвар низ ба мушохида намерасад. Маълум аст, ки ин кори дасти одам аст.  Бо саволи «чаро вазъ чунин аст, посухи кӯтоҳи китобдор: «мисли шумо хонандагон». Яъне гуноҳ бар сари хонандаи бечора бор мегардад. Албатта хонандагон низ он қадар «фариштаю малоика» нестанд. Чаро хиёнат ба моликияти ҷамъият мекунанд? Аммо гунаҳкори дигар ин кормандони китобхона маҳсуб мешаванд, ки чаро ба чунин муносибат чашм пӯшидаанд.

Китобхона ва ё толори консерт?

Дар пештоқи китобхона ва шӯъбаҳои алоҳидаи он бо ҳарфҳои чопӣ чунин навишта шудааст: «Ба хомушӣ риоя кунед», аммо дар дохили толор бошад, санаи 13-уми май, аз руи гуфтаи як ходими ин китобхона ҳофиз Маҳками Баҳриддин 30-солагии худро қайд мекардааст. Садои хондани суруди ин сароянда ҳафт бурҷи толорро фаро гирифтаву гумон мерафт, ки ин ҷо махсус кохи намоиши консертӣ аст. Гумон надорам, ки ин ба садҳо хонандаи мисли ман, ва 20 шӯъбаи хидматрасонандаи китобхона ва садҳо хонандаи аҳли толор хуш омада бошад.  Ин чо кохи намоиши консертӣ аст ё китобхона?

Ҳар бор, ки аз ин куҳантарин китобхонаи Суғд асари лозимаро гирифтанӣ шавем, китобдор аз нохуни пой то тори сари касро ба кайд мегирад. Сар аз ному насаб, ҷои истиқомат, рақами телефони дастӣ бар замми обуна ва хонандаи доимӣ будан. Барои китоби «Дохунда»-и Айнӣ шиносномаҳои ману як дӯстам Абдуаҳадаи Ҷумъақулро гирифтанд. Дар ҳоле ки дар саҳифаи охири ин ҳуҷҷат навишта шудааст:

«Ба гарав қабул намудан ва супоридани шиноснома, инчунин ғайр аз ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, мусодира намудани шиноснома манъ аст».

Вақте ин иктибосро ба хонуми китобдор аз шӯъбаи хизматрасонӣ арз доштем, ӯ гуфт:

-Фармон аз боло ман чизе намедонам.

Дар сурати гум ё ба ягон холат гирифтор шудани шиноснома, ки ба он чавобгар аст?  Дар чавоб гуфт: «Мо ва масъулон».

Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки дар ин ё он бинои маъмурӣ ва иншоотҳо сӯхтор сар мезанад ва ё ҳодисаи дигар ба вуқӯъ мепайвандад, он гоҳ ҳуҷҷатро кӣ барқарор мекунад? Маълум, ки худи мо, на як масъул ва на як маъмури идора.{jathumbnail off}

Маҳмуди Аҳмад, шаҳри Хуҷанд

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!