Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:54

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар маросими ифтитоҳи пули Шоҳон-Хоҳон ширкат менамояд

31 октябр 2011, 06:46

Шоҳзода Карим Оғохони IV (Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ)-пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, номбурда имрӯз дар маросими ифтитоҳ ва такмили пули Шоҳон-Хоҳон, ки Тоҷикистонро дар минтақаи Шӯроободи вилояти Хатлон бо Афғонистон дар оянда мепайвандад, ширкат хоҳад кард. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ шоҳзода Карим Оғохони IV-ро ҳамроҳӣ мекунад.

Гуфтанист, пули 162-метра аз ҷониби «Бунёди Оғохон» ва бо кӯмаки молии ҳукумати Олмон бунёд мегардад. Бойиси тазаккур аст, ки моҳи сентябри соли равон низ як пули иртиботӣ дар минтақаи Ванҷи вилояти Бадахшони Кӯҳӣ, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам пайванд медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қаблан чунин пулҳо дар навоҳии Дарвозу Ишкошим ва деҳаи Теми Хоруғ сохта ва мавриди истифода қарор гирифта буданд.

Дар ҷараёни сафари шоҳзода Оғохони IV ҳамчунин қарор аст, меҳмонхонаи панҷситорадори «Душанбе-Серена», ки сохтмонаш чанде қабл ба анҷом расида буд, ифтитоҳ мешавад.

Шоҳзода Карим Оғохони IV- пешвои исмоилиёни ҷаҳон буда, 49-умин эмоми исмоилиён аст ва аз соли 1959 ба ин сӯ роҳбарии ҷамъияти мазкурро ба зимма дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!