Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:51

Садама: 2 нафар қурбон гардида, 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд

31 октябр 2011, 06:51

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон ду ронанда ҷони худро аз даст доданд.


Тавре аз дафтари матбуоти РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, рӯзи гузашта тахминан соати 13.50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Акобир Ҳалимови 26- сола истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, деҳаи Уялӣ, дар километри 64-уми роҳ, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, деҳаи Стансияи Ойкамар  ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки таҳти идораи Маҳмадсобир Машрафи 19- сола буд, роҳ надода, бармехӯрад, ки автомашинаим тамғаи «Опел-Астра» ба тарафи рости роҳ баромада, ба чукури чаппа мешавад, дар ҳамин вақт автомашинаи тамғаи «Сиелло» таҳти идораи Азим Шобекови 28 сола ҳаракат дошт ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», ки баъд аз садама байни роҳ қарор дошт, масофаро риоя накарда бармехурад.  Дар натиҷа ронандагони «Опел-Вектра» ва «Опел-Астра» дар беморхона ба ҳалокат мерасанд,  9 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи Хуросон бистарӣ мегарданд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!