Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:15

Иззат Амон: Теъдоди муҳоҷироне, ки дар Русия мефавтанд аз 2500 ҳам болост…

31 октябр 2011, 09:40

Каромат Шарифов раиси Ҷунбиши Муҳоҷирони Тоҷик дар Русия дар мусоҳибааш гуфтааст,  ки ҷомеаи Русия аз изҳороти Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ ҳангоми сафараш ба Русия ва вохӯри бо муҳоҷирин, нигарон аз он шуданд, ки "гӯё тоҷикон ҷомеаи русияро исломӣ карданианд".

Оё дарвоқеъ чунин як изҳорот садо додааст ва паёми он чист, рафтем пайи сӯҳбати Иззат Амон, роҳбари созмони "Ҷавонони муҳоҷир" дар Русия ва нахуст пурсидем, ки оё чунин изҳорот буд ва агар буд ҳадафи он аз чӣ иборат аст?

 

-Мо ҳам бори аввал аз сӯҳбатҳои Каромат Шарифов огоҳ шудем, ки чунин "изҳорот" будааст.

-Пас, чаро он тавр, ки ҷаноби Шарифов мегӯяд, акнун Русия ё расонаҳои Русия аз сафарҳои Кабирӣ "хабар" месозанд ?  Шумо, ки дар Русия будеду аз вазъи ин кишвар хабар доред, оё иддаоҳои Шарифов воқеият аст?

- Ҳеч як мақомоти расмӣ ва ё ғайрирасмии Русия  аз сафари ҷаноби Кабирӣ ба шаҳрҳои Русия воҳима ва ангезаҳо натарошидаанд. Мо ҳеч гуна вокуниши манфиеро аз ҷониби мақомоти ин кишвар оиди сафарҳои ҷаноби Кабирӣ нашунидаем. Баръакс дар сафари охири ҷаноби Кабирӣ ба Русия  ва вохӯрии ӯ бо муҳоҷирон мо шоҳиди он гаштем, ки мақомоти маҳаллии кишвари Русия аз дидори як намояндаи маҷлис бо муҳоҷирин истиқбол карданд ва барои вохӯриҳои эшон шароит ва имконот фароҳам оварданд. Мо худамон дар Москав шоҳиди он будем, ки муфтиёти кишвари Русия  толлори масҷидро барои чанд соат дар ихтиёри ҷаноби Кабирӣ барои сӯҳбат бо муҳоҷирин вогузор намуданд. Гузашта аз ин ҷаноби Кабирӣ дар марокизи илмӣ ва фарҳангӣ бо аҳли илму адаби ин кишвар вохӯриҳо гузарониданд.  Бовар кунед, вақте муҳоҷирин мебинанд, ки  барои сӯҳбат бо як нафар тоҷик ин ҳама аҳли илму адаб ва сиёсатмадорони рус ҷамъ омадаанд, рӯҳияи миллӣ ва ватандӯстиашон ба авҷи аъло мерасад. Мавриди тазаккур аст, ҷаноби Кабирӣ ягона намояндаи мардумӣ аст, ки доимо бо муҳоҷирин вохӯриҳо мегузаронад. Ҳамин хусусиятҳо ва муҳаббати беандозаи муҳоҷирин нисбат ба раиси ҲНИТ шояд ба касе маъқул нааафтодааст, ки чунин гапу калочаҳоро мебофанд.

-Ҷаноби Шарифов гуфтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукумат тасмими таъсиси Ҳизби муҳоҷиронро гирифтааст. Тибқи қонунгузории кишвар таъсиси ҳизб дар хориҷ ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад. Аз сӯи дигар вақтҳои охир Каромат Шарифовро ба чорабиниҳои ҳукумат даъват мекунанд. Ба назари Шумо оё чунин ҳизбе таъсис хоҳад шуд?

-Ростӣ барои мо маълум нест, ки ҷаноби Шарипов бо ҳамкории ҳукумат чунин тасмимро гирифтааст ё худ бо кадом гурӯҳи дигар.  Шахсан ман аз ҳамкории ӯ бо ҳукумат хушҳолам. Ҷаноби Шарипов раҳбарии ташкилотеро ба ӯҳда дорад, ки дар сар то сари кишвари Русия маъруф аст ва худи ӯ низ то имрӯз корҳои зиёдеро ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар ин кишвар анҷом додааст. Ҳамин амр, ки ҳукумат ӯро ба расмият шинохтааст, далели он аст, ки ҳукумати кишвар дар пайи беҳбуди аҳволи муҳоҷирин аст ва чораҳоеро низ андешида истодааст. Дуруст аст,  ки таъсиси кадом ҳизб ва ё гурӯҳе дар хориҷ аз кишвар ғайриқонунӣ аст, вале то он ҷойе, ки мо иттилоъ дорем, ҷаноби Шарипов дар сӯҳбатҳояшон изҳор доштанд, ки ин ҳизб дар Тоҷикистон таъсис дода хоҳад шуд ва низ раҳбарии ҳизбро на эшон,  балки каси дигар бояд ба ӯҳда дошта бошад. Ба гумони ман дар ҳоли ҳозир эшон танҳо пешниҳод намуданд. Муваффақ гаштан ва ё нагаштани пешниҳоди  ҷаноби Шариповро вақт нишон медиҳад. Ва низ ба гумони ман беҳбуд ёфтани вазъи муҳоҷирини тоҷик дар кишварҳои будубошашон баъд аз ташкили чунин ҳизб баъид менамояд. Иловатан вақте аввали кор аз паст задану сиёҳ кардани як ҳизби дигар он ҳам бошад, ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон мавқеи хосеро дорад, шурӯъ мегардад, он қадар дуруст нест. Агар ҷаноби Шарипов мехоҳанд як ҳизбе ташкил намоянду маъзарат мехоҳам ба популизм машғул гарданд, беҳтар аст, ки овора нагарданд, зеро бо итминон метавонам гӯям, ки ҳизбе бо ин гуна мавқеъгирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон муваффақ нахоҳад гашт.

-Муҳоҷирон майле ба ислоҳот, сиёсат доранд ё дар андешаи қути лоямут ва сиёсатро ҳоло ҳам  "палид"  медонанд. Шояд баръакс ҳоло афкорашон  ҳам рушд кардааст ва  ва онҳо ҳам умед ба равиши нави зиндагӣ ва ҷамъият доранд?

-Бояд гуфт, ки Русия як кишвари озод ва демократӣ аст.  Мусаллам аст, ки инсон вақте  дар фазои озод нафас мекашад , албатта дид ва назароташ нисбати равандҳои сиёсӣ тағйир меёбад. Муҳоҷирини тоҷик низ,  ки солҳост дар ин кишвар умр ба сар мебаранд, кайҳост дар фикри ин афтодаанд,  ки чаро мо як умр муҳоҷир ва ғуломем? Чаро ҳукумати кишвар дар фикри эҷоди ҷойи кори ва шароити беҳтар барои шаҳрвандонаш нест? Ё худ мо аз фарзанди  кадом вазир ё раис чӣ камие дорем, ки онҳо  бо мошинҳои қимматбаҳо  саворӣ карда гарданду мо як умр берун аз кишвар дар ғуломӣ ба сар барем? Яъне ин гуна фикрҳо кайҳост,  ки  дар майнаи қишри бештари муҳоҷирин печу тоб мехӯрад зеро қисмати зиёдашон дарс хондаву маълумотноканд. Сароҳатан мегӯям, ки куллияи ҳуқуқҳои Конститусионии шаҳрвандон дар ин ҳолат  аз ҷониби ҳукумати кишвар поймол  гашта аст, зеро мувофиқи Сарқонун ҳукумат масъулият дорад,  то  мардумро бо ҷойи кор,  маоши хуб манзилу истироҳату дигару дигар таъмин намояд. Дар умум вазъ ба куллӣ тағйир ёфтагӣ ҳасту мардум аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд ва наздик аст,  ки ба суроғи ҳаққи худ биёянд.

-Бубинед, 80 дарсади муҳоҷиронро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас чаро ҳизби ҷавонони муҳоҷир дар дохил таъсис дода намешавад ва чун дар долонҳои ҳукумат аз пайдо шудани ҳизбе бо номи муҳоҷирон мегӯянд?

-Дуруст аст,  ки 80 дар сади муҳоҷиринро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ростӣ мо дар таърихи ҳизбу ҳизбдорӣ ҳизберо бо номи ҳизби муҳоҷирин дар ёд надорем. Шояд ин падидаи наву тозае бошад. Ростӣ мо ҳанӯз аз ҷониби мақомоти расмии кишвар  имкони ба қайд гирифтани ҳизберо бо чунин ном нашунидаем. Агар  сӯҳбатҳои мушовири сиёсии раисиҷумҳурро дар назар дошта бошед, пас эшон на мавқеи ҳукумат балки назари худашонро иброз намуданд. Бояд гуфт, ки эшон масъул ва салоҳияти ба қайд гирифтан ё нагирифтани ҳизб ва ё ташкилотеро надоранд ва аз ин гунна  салоҳият танҳо вазорати адлия бархӯрдор аст.  На ҷаноби Шарипов ва  на кадом  гурӯҳи дигар, ҳанӯз  ҳуҷҷат барои ба қайд гирифтани ҳизбе бо чунин ном  пешниҳод  нанамудаанд. Хуб агар касе пешниҳод кард, мо он гоҳ гуфта метавонем ки ин шуду он шуд.  Феълан  ин танхо  хостаҳои ҷаноби Шарипов аст, ки дар кадом ҷое гуфтааст. Вале хуб билфарзе ҳамин гуна ҳизб ташкил шуд мо ҳамагӣ хушҳол  хоҳем шуд. Зеро фазои сиёсии ҷомеъа  ниёз ба як қувва ва идеяи тозаву ҷавон дорад.  Мавриди зикр аст, ки мо низ - ҷавонони кишвар, ҳадафи таъсиси як ҳизби сиёсиро дорем, ки  салоҳияти ҳалли на танҳо мушкили муҳоҷирин, балки тамоми мушкилоти ҷомеаро дошта бошад.

-Солона 600 ва беш аз ин корвони тобутҳои муҳоҷирон ба ватан бармегарадад дар қиболи ин марги миллат бо ин қадар теъдоди бузург , аммо Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳо ва вохӯриҳои хоса бо роҳбарони кишвари Русия аз вазъи куштори шаҳрвандон аз тарафи миллатгароён рус, ҳарфе намезанад. Илова бар ин  то ҷойе иттилоъ ёфтем ин омори расмӣ омори нисбӣ будааст. Дуруст аст, ки  теъдод аз ин омор ҳам зиёд аст?

- Ба он гумон будан,  ки  ҳукумати ҷаноби  Раҳмон ва ё худи шахси ӯ нисбати ин фоҷеа беаҳамиятанд, шояд дуруст  набошад, зеро дар як вохӯрии банда  бо ҷаноби Ҳамрохон Зарифӣ эшон мегуфтанд , ки  дар ҳавопаймо ба раисҷумхур хабари марги ду муҳоҷирро доданд, вазъу ҳоли эшон ба ҳам хурду фишорашон  якбора боло рафту танҳо баъди хӯрдани дору ба худ омаданд. Ин худ нишонаи он аст,  ки эшон дарди миллатро  ҳис менамоянд, вале шояд чӣ кор карданашонро надонанд. Вале  оиди беаҳамиятии ниҳодҳои масъули муҳочират фикри Шуморо таъйид менамоям. Махсусан намояндагии ҳукумати Тоҷикистон дар Русия, сафорат ва консулиро дар назар дорам. Вале, оиди теъдоди кушташудагон ва ё худ тобутҳои муҳоҷиринро 600  нафар гуфтан ин иштибоҳ аст, зеро теъдоди бештари  мурдаҳо дар қабристонҳои худи Русия дафн мегарданд. Ман  шумораи мурдагонро дар ин кишвар солона 2 000 то 2 500 нафар тахмин мезанам ва ё шояд бештар аз ин ҳам бошад,  зеро дар бештари аз маворид аз марги шаҳрвандонамон мо бехабар мемонем.

- Шумо, ки сарварии созмони ҷавонони муҳоҷирро ба ӯҳда доред, барномаҳои кории Шумо аз чӣ иборат аст?

-Яке аз умдатарин барномаҳои мо ин кӯмак ба донишҷӯён ва ҷалб намудани ҷавонони муҳоҷири тоҷикро ба фаро гирифтани  илм ва соҳиби касбу ихтисос шудан мебошад. Бо ин ҳадаф мо маркази илмие таъсис додем, ки дар он ҷавонони муҳоҷир метавонанд забонхои русӣ, англисӣ ва арабиро ҳамроҳ бо таърихи Русия, Сарқонуни ин кишвар ва қонунҳои муҳоҷират аз бар намоянд. Созмони мо фондеро бо номи "Кӯмак" таъсис дод, ки аз он  муҳоҷирини эҳтиёҷманд  метавонанд кӯмак дарёфт намоянд.  Инчунин  барномаи гузаронидани конфронсҳову семинарҳо, вохӯриҳову шабҳои фарҳангиро дар созмон дорем.

(Бознашр аз ҳафтаномаи «Озодагон», №41 аз 26-уми октябри соли 2011){jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!