Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:00

«Simple Photography» ба иштирокчиён аксбардории мустанадро меомӯзад

31 октябр 2011, 10:29

Бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 1 то 4 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши интенсивӣ оид ба фотожурналистика ва аксбардории мустанад «Simple Photography» баргузор мегардад.


Ҳадафи асосии чорабинии мазкур омӯзиш ва  ҷалби таваҷҷӯҳи рӯзноманигорону аксбардорони ҷавони умедбахш ва суратгирони ҳаваскор аст, ки мехоҳанд малакаи касбии худро сайқал диҳанд. Омӯзиши интенсивӣ аз чанд ҷанбаи аслӣ – асосҳои аксбардории мустанад, суратгирӣ ҳамчун санъат, таърихи ташаккули аксбардории рақамӣ ва таҷҳизоти муосир, малакаи таҳрири суратҳо ва ғайра иборат аст.

Ҳамчунин, иштирокчиёни омӯзиш бо асосҳои пешбурди фаъолияти аксбардорӣ дар сомонаҳои касбии ройгон шинос  мешаванд. Дар охири тренинг ҳар яке аз иштирокчӣён соҳиби портфолиои инфиродии худ мешаванд. Дар тренинг 15 нафар иштирок мекунанд, ки ба тариқи озмун аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб шудаанд. Ба ҳайси тренери байналхалқӣ аксбардор ва наворбардори филмҳои мустанад  Рӯзбеҳ Қосимӣ даъват шудааст. Ӯро дар омӯзиш тренерони маҳаллӣ Нозим Қаландаров, аксбардори медиагурӯҳи «Азия Плюс» ва Амир Исоев, мутахассис оид ба дизайн ва аксҳои рақамӣ  шарикӣ мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, дар Тоҷикистон фотожурналистика ба таври зарурӣ рушд надорад. Ҳол он ки имрӯз дар бозори иттилоот суратҳои воқеӣ ва «гӯё»-и мустанад арзиши баланд доранд. Тамоюли муосири журналистика аз рӯзноманигор чандрасонаӣ буданро тақозо мекунад. Яъне ӯ бояд худ барои матнаш сурат бигирад, навор бардорад, садо гирад ва онҳоро таҳрир карда, дар сомона гузорад. Мавҷуд набудани омӯзиши доимии касбии фотожурналистика ва нарасидани кадрҳо ба сифати суратҳои матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Феълан на ҳамаи редаксияҳо аксбардори штатии худро доранд. Ҳамзамон аксари суратгирон худомӯз мебошанд. Набудани аксбардори касбӣ боиси чоп шудани суратҳои пастсифат дар матбуот мегардад.  Масъалаи набудани суратҳои баландсифатро редаксияҳо ба таври худ ҳал мекунанд. Як қисми редаксияҳо суратҳоро аз Интернет мегиранд ва дар ин ҳол сарчашмаи онро нишон надода, ҳуқуқи муаллифиро поймол мекунанд.  Ҳамчунин, як сурати мавзӯиро дар муқоваи китоб ва саҳифаҳои рӯзномаҳо дидан мумкин аст, ки инҳисорӣ ва баёнгарии худро коҳиш додаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!