Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:49

«Пайванд»: Маликшоҳ Неъматовро интизорем

1 ноябр 2011, 05:59

Бачаҳои лоиқу сазовор ҳам дорем, аммо мушкил ин аст, ки аз баргузории бисёр мусобиқаҳое, ки дар ҷумҳурӣ доир мегарданд, мо бехабар мемонем. Аз мақомоти дахлдор хоҳиш менамоем, ки бо даст додани имконият аз ҳоли мо хабар гиранд, моро ҳам ба маъракаҳои варзишӣ даъват кунанд.

Толори варзишии «Пайванд», ки дар маҳаллаи «Политехникум»-и  пойтахт ҷойгир аст, он рӯзҳо (29-30 ва 31-уми октябр) идгоҳро мемонд. Миёни варзишгарони вазнҳои мухталиф, ки дар ин клуб ба машқи гӯштини тарзи юнонӣ ва румӣ машғуланд, бо ибтикори мураббиён ва сарпарастони толор сабқати дохилӣ сурат пазируфт. Маврид ба ёдоварист, дар ин тамрингоҳ ҳудуди  сад нафар ҷавонону наврасони аз 6 то 25 сола тамрин мекунанд. Ба қавли мубтакирони мусобиқа, варзишгароне, ки дар вазнҳои худ мақоми аввалро касб хоҳанд кард, аз ин ба баъд ҳуқуқи иштирок дар чемпионати ҷумҳуриявиро соҳиб мегарданд. Насимҷони Улфатшо дар вазни 23 кило, Фарух Шарипов (26),    Алиҷон Ҷураев (29), Раббонӣ Ҷӯраев (30), Дилнавоз Хоҷаев (35), Олим Сафаров (38),   Фирӯзи Шамсиддин (42), Ашӯр Ахмедов (46), Беҳрӯзи Шамсиддин (50) ва Муҳаммад Ҷалилов дар вазни 54 кило ба гирифтани ҷойҳои аввал мушарраф гаштанд

Аз Ивани рус то Ниёзбеки тоҷик

Ниёзбек Назаралиев, ки яке аз баргузоркунандагони сабқат ва ҳамзамон чун нозири мусобиқа ширкат мекард, зимни сӯҳбаташ бо мо қайд кард, ки: «Ман аз сини 10 солагиям ба варзиш машғулам ва ҳастиямро акнун бе спорт тасаввур карда наметавонам. Соли 1985 ба ҳамин толор омада, дар риштаи гӯштини юнонӣ-румӣ зери мураббигии устодам –Иван Паликов ба машқ оғоз кардам. 26 сол боз аз ин ҷову аз ин макон дил канда наметавонам. Хотироти зиёде дорам, хубу гуворо». Ҳамсӯҳбатам афзуд, тайи ин муддат дар 6 мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат карда, 4 маротиба унвони қаҳрамониро ба даст овардаам, ду бори дигар мақомҳои ифтихории дуюму сеюмро касб кардам.

«Ман ба варзишгарони наврас маслиҳат медиҳам, ки дар ягон ҳолат рӯҳафтода нашаванд, бохт дар як мусобиқа маънои шикаст хӯрданро надорад, ҳамеша кӯшиш кунанд, ки тану рӯҳи онҳо солиму обутобёфта бошад, муваффақиятҳо ҳанӯз дар пешанд»,- мегӯяд Ниёзбек Назаралиев. Варзишгари таҷрибадор ба ҳунарнамоии наврасон, ки имрӯз байни ҳам сабқат доштанд ишора карда гуфт, аз ҳаракатҳои онҳо, усулҳои истифода мекардаашон хурсандам, моҳирона кор мекунанд. «Фаридун, мураббии ин варзишгарон хеле ҷавон аст, аммо ба сину солаш нигоҳ накарда, наврасони зиёдеро тамрин медиҳад, хастагиро эҳсос намекунад, сахтгиру меҳрубон аст, ин аст, ки натиҷаи кораш ҳам бад нест»,- суханашро ҷамъбаст кард Назаралӣ.

Фаридуни Собир: «Чемпион шудан мехостам, аммо…»

Гумони ғолиб ин аст, ки аксар вақт фарзандон пайи пайроҳаи падар мераванд ва касби волидайнро барои худ маҳаки зиндагӣ қарор медиҳанд. Ба назарам намуд, ки Фаридуни Собир ҳам аз сулолаи паҳлавонон аст, гуфтугӯ бо эшон бошад, андешаамро  тақвият дод. Маълумам шуд, ки падараш ҳунарманди маъруфи театру кинои тоҷик- Қурбони Собир аст. Хуб медонем, ки ӯ ҳарчанд варзишгари касбӣ ҳам набошад, аз дӯстдорони асили варзиш аст…

Фаридун бо нигоҳи гарм ба дастпарварони наврасаш нигариста, якмаром ва солор ҳарф гуфтанро оғоз кард: «Аз хурдиам орзуи чемпиони ҷаҳон шуданро доштам, меҳри варзиш дар дилам сахт маъво гирифту роҳи ҳамин толорро пеш гирифтам. Пайваста зери мураббигии устодам Анвар Сафаров аз беҳтарин усулҳои гӯштини навъи юнонӣ-румӣ огаҳ мешудам, бефосила машқ мекардам, муддати 7 сол омодагӣ дидам, дар чандин мусобиқаҳо ширкат карда пирӯз ҳам шудам… Аммо…» . Фаридун пас аз як лаҳзаи кӯтоҳи таваққуф ба суханаш идома дод: «Мутаасифона, баъди гирифтани як ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ натавонистам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намоям».

-Бо кӯшишу талошҳои устоди варзиш Анвар Сафаров толори варзишии «Пайванд»-ро таъмиру тармим карда ба кор даровардем ва ҳамкнун се сол боз бачаҳои 6 то 25-соларо дарси матонату паҳлавонӣ меомӯзам,- мегӯяд Фаридун. Тайи ин муддат, бештар аз 100 нафар дар вақтҳои барояшон мусоид ба гурӯҳҳои зарурӣ ҷудо шуда, дар ин ҷо тамрин мекунанд. Аз миёни онҳо, 10 нафарашон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат мекунанд. «Мақсади аслии мо ин аст, ки пеши роҳи ҷавонону наврасонро аз бекоргардиву кӯчагардӣ бигирем ва онҳоро ба варзиш ҷалб намоем. Онҳоеро, ки бесаробон мондаанд ва орзуи ҷиддии тамрин карданро доранд, ройгон машқ медиҳам». Ба ҳамсӯҳбатам суол медиҳам, ки алъон дастпарварони «Пайванд» дар чанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  ширкат доранд?  Посухаш ин буд ки: «Ростӣ, ки дар ҳамаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок кардан мехоҳем, бачаҳои лоиқу сазовор ҳам дорем, аммо мушкил ин аст, ки аз баргузории бисёр мусобиқаҳое, ки дар ҷумҳурӣ доир мегарданд, мо бехабар мемонем. Аз мақомоти дахлдор (манзури ҳамсӯҳбатам Кумитаи ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ аст), хоҳиш менамоем, ки бо даст додани имконият аз ҳоли мо хабар гиранд, моро ҳам ба маъракаҳои варзишӣ даъват кунанд».

«Пайванд»-и сесола ва дастовардҳои он

Фаридун меафзояд, мо ҳамагӣ се сол шуд, ки фаъолиятамонро ба роҳ мондаем, аммо дар ин муддати кӯтоҳ шогирдонеро тарбия кардаем, ки шарафи варзишии кишварро ҳимоя менамоянд. «Мусобиқаҳои интихобиро бошад, худамон бо ёрии сарпарасти клуб ташкил мекунем, ки  2-3 рӯз идома меёбанд. Варзишгароне, ки дар   вазнҳои худ ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд, бо ифтихорномаҳои таъсиснамудаи клуб ва ҷойизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд ва ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд». Паҳлӯи дигари мусбии кор дар он аст, ки дар ин рӯзҳо барои варзишгарони ҷавон хӯроки нисфирӯзии ройгон муҳайё мегардад ва хароҷоти онро низ сарпараст ва масъулини «Пайванд» ба зимма доранд.

Дилнавоз Хоҷаев, яке аз дастпарварони ин толори варзишист. Дар рӯзи аввали баргузории мусобиқа ду ҳарифи худро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар сабқати финалӣ ҳам бо як усули зебо ғалаба карда, барандаи ҷойи аввал гардид. Ӯ мегӯяд, пештар дар клуби дигар таҳти сарпарастии устоди варзиш- Муҳиддин Мӯъминов машқ мекардам ва нозукиҳои гӯштини дзю-доро меомӯхтам. «Муаллимро тангии маишати хонавода ва рӯзгор маҷбур кард, ки ба Русия муҳоҷират кунад, шогирдон бошанд пароканда шуданд. Пас аз чанд вақт бо роҳнамоии падарам ба толори варзишии «Пайванд» омадам ва зери сарпарастии Фаридуни Собир ба тамрин оғоз кардам, ҳоло дар риштаи гӯштини юнонӣ-румӣ аввалин мусобиқа буд, ки ширкат доштам ва баранда шудам. Аз устодам розиам, сахтгиру ҷиддӣ ва гузашта аз ин меҳрубону дилсӯзанд».

Султоншои Сайфуллои 16-сола ва Шоҳрухи Шамсиддини 11-сола ҳам устоди худу толори варзиширо сифат карданд. Султоншо мегӯяд, то имрӯз дар 9 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ кардааст ва дар 5 тои ин мусобиқот ҷойҳои 2-3-юмро соҳиб шудааст. «Ба варзиш шавқу ҳаваси бе андоза дорам, қариб 3 сол мешавад, ки дар ҳамин толор тамрин мекунам.Аз вақте  ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат мекунам, пайваста кӯшиш менамоям, ки ба қуллаҳои баланди мурод бирасам ва парчамбардори миллати худ бошам»,- илова мекунад Султоншо. «Оянда пракурор мешавам»,-мӯътақид аст ӯ. Шоҳрухи хурдакак аз сӯҳбати Султоншо илҳом гирифта гуфт: «Ман ҳам беҳудагардӣ намекунам, ба интернет-кафе умуман намеравам. Вақтҳои фориғ аз дарс ба ин ҷо омада, машқ мекунам, оянда бошад, гӯштингири якуми дунё мешавам».

Шарт  нест, ки ҳама чемпион шаванд…

Зокир Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе ва падари се наврасе аст, ки фарзандонаш дар ин толор машқ мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Ман писаронамро ба ин ҷо на ба он хотир овардаам, ки фақат варзишгар шаванду гӯштин гиранд, балки ин ҷо будан ва машқи пайваста бойиси ҳамеша саломат будани онҳо мешавад. Худам аз 8-солагӣ ба варзиш шуғл варзидам, шукр, ки аз чизе шикоят надорам. Писаронам агар қаҳрамон ҳам нашаванд, саломатиашонро нигоҳ медоранд-ку».

Бале ҳақ ба ҷониби Ҷӯраев аст. Варзиш-гарави саломатист ва ҳамеша тамрин кардан ба инсон рӯҳу равони тоза мебахшад, илҳоми зиндагиро дар ӯ бештар мекунад ва одамро ба фардои аз ин рӯз беҳтар роҳнамоӣ мекунад…

Ибодуллоҳи Тоир

Аз хабаргузории «Озодагон»: Ба таваҷҷӯҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан райиси ин ниҳод мӯҳтарам Маликшо Неъматов: Табиист, ки мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ алъон садди роҳ мешаванд ва дар бархе аз риштаҳои варзиш ҳамватанони мо имкони баромад карданро дар арсаи байналмилалӣ аз даст медиҳанд. Аммо гӯштин, ки аз маъруфтарин навъи варзишҳо ва тамрин миёни мардуми тоҷик шинохта шудаасту  маҳбубияти бештаре дорад, бо камтарин таваҷҷӯҳу дастгирӣ метавон дар ин соҳа қаҳрамонҳои навро рӯйи арса овард.   Ва инак, варзишгарони наврас ва сарпарастону мураббиёни толори варзишии «Пайванд» аз Шумо даъват мекунанд, ки як сари қадам фақат ба хотири ошноӣ пайдо кардан бо вазъи тамрину таълими клуб ба он ҷо ташриф биёред. Шояд баъди омадани Шумо масъулини чорабиниҳои варзишӣ даъват кардани варзишгарони клуби мазкурро ба сабқатҳо фаромӯш накунанд…{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!