Бахшҳо

7 назар: Насби парчами Қирғизистонро дар хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ гуна мешавад фаҳмид?

8 феврал марзбонҳои қирғиз дар боми ду сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъа ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчами кишвари худро насб карданд. Бино ба бархе маълумотҳо ҳоло ҳам ин парчамҳо афрохтаанд. Дар робита Озодагон аз чанд коршиносу соҳибназари тоҷик пурсид: НАСБИ ПАРЧАМИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ДАР ХОНАҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУНА МЕШАВАД ФАҲМИД?

Шокирҷон ҲАКИМОВ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
То замоне ки дар асоси ҳусни тафоҳум ё консенсус хулосаҳои комиссияи байниҳукуматиро парлумонҳои ду кишвар ба тасвиб нарасонанд, яъне, ратификатсия накунанд, ягон мақомот бидуни мувофиқа бо сохторҳои марбутаи давлатӣ барои анҷоми корҳо ҷиҳати аломатгузорӣ ва таъйини ҳудуд ҳақ надорад. Бинобар ин, амали содиршуда талоши халалдор намудани якпорчагӣ ва тамомияти марзию соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад ва бо кадом мақсад чунин рафтор кардаанд, бояд идораҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳкиқу баррасӣ намуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.

Исфандиёри НАЗАР, шоир
Ин амали ошкори тавтиъачинӣ, баҳонаҷӯӣ барои ҳуҷум ва ошкоро эълом кардани он аст, ки қирғизҳо тарафи муқобилро ба пашизе арзиш намегузоранд. Дар ин маврид ҷӯстани роҳҳои дипломатии ҳалли мушкил дигар фоида надорад. Зеро даҳҳо ҳолати рухдода бо дасти қирғизҳо баёнгари заъфи дипломатияи тоҷик дар ин маврид аст ва он қавм аз "бо роҳи дипломатӣ" вогузор кардани қисмате аз замини маврусии Тоҷикистон ба Чин шераку шердил гардидааст. Роҳе ки ба назарам мерасад ононро аз марз дур афканад, кашидани сипоҳ ба он қисмат ва мустаққар кардани горди вижае барои ҳолати доими омодабош аст, ки дар ин лаҳзаҳо битавонад кишварро ҳимоят кунанд. Берун аз инҳо, агар худи сокинони маҳаллӣ пуштибонии дохилиро дошта бошанд, метавонанд афзунталабонро то пойтахташон дур афкананд.

Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
Албатта амали нодуруст аст ва ба назар мераcад қасди баде дар худ ниҳон дорад. Ҳушдорест, ки масъалаи марзро набояд хурд гирифт. Бубинед, ҳарду тараф даъво доранд хонаҳое, ки болои онҳо парчами Қирғизистон овехта шудааст, дар марзи онҳо ҷойгир шудаанд. Мо мегӯем, ки ин марзи мост, онҳо мегӯянд, марзи мост. Яъне, то ҳол хатти марз барои мардуми маҳал аниқ маълум нест. Ё маълум ҳам бошад, онро тарафҳо эътироф намекунанд. Зеро ин хатти марзро шояд тарафҳо ҳар кадом ба тарзи худ мефаҳманд. Дар чунин вазъи муташанниҷи байналмилалӣ дуру дароз боқӣ мондани ин номуайянӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ин кишварҳои дӯст ва ҳамсоя нест. Ба андешаи мо ҷонибҳоро зарураст дар ин масъала ҳарчӣ тезтар ба мувофақа бирасанд.

Муҳаммад УЛУҒХОҶАЕВ, сухангӯи Сарраёсати неруҳои марзбонии КДАМ
Дар ин масъала гуруҳҳои корӣ аз ҷониби ҳам Сарраёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон кор карда истодаанд. Яъне, масъалаи мазкур ҳоло мавриди тафтиши ҷонибҳо қарор дорад ва то пешниҳоди хулосаи ниҳоӣ маълумоти бештар дода наметавонем.

Далер ҒУФРОНОВ, журналист
Ман фикр мекунам, ки бояд онҳоро дар ҷойи худ бишинонем. Ин дигар ҷойи таҳаммул надорад. Миллати сарбаланди мо бояд обрӯйи худро ҳифз намояд.

Умед ҶАЙҲОНӢ, таҳлилгар
Ин корашон ба ин маъност ки онҳо он заминро аз они худ медонанд. Агар он замин аз Тоҷикистон бошад, ин парчам задани қирғизҳо бояд дастдарозӣ ба сарзамини кишварамон дониста шавад ва шадидтарин вокунишро бояд дар пай дошта бошад.

Тилав РАСУЛЗОДА, журналист
Ман фикр мекунам ҳарчи зудтар мо бояд хати марзро мушаххас кунем ва онро симхорбандӣ кунем. Чораи дигар нест. Зеро то он рӯзе, ки марзҳо мушаххас нестанд, баҳсҳо идома хоҳанд ёфт ва чунин аъмоли зишт такрор хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Амин
Шармандагист дустон!

Шахрванд
Бале Исфандиёри Назар фикри хуб,ахсан...Охир моку милати кухнаем мегуед пас мо ичора нишин будем то ин вакта мухтарм ХУКМАТДОРХО...

Ба ин мардуми Киргиз ,ки маънои дипломатро намедонанд на бояд бо рохи дипломати гап зад. Бо инхо мо аз аввал бо рохи дипломати гап задем нашуд ин хо фикр доран мо метарсем, аз ин хотер шер дил шудаанд. Локен бо инхо сахт бо шиддат мухориба бурдан дар кор аст. Агар хонаи ман дар ин марз мебуду ва дар болояш парчами дегар давлатро кашол мекарданд, ман худро курбон мекардаму он парчамро нест мекардам. Чун ин ватани мо хоки ватани ман аст набояд тарсид. Рас бо гуфту шунед нашуд конуни чангалро истифода барен.

Алиҷони Кандӣ
Тобистони порсол дар Конибодом ӯзбакҳо ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар қаламрави кишвари мо, берун аз симхори кашидаашон дастгир карда, ҳатто якеашро маҷрӯҳ карда бурданд. Заставаи Тоҷикистон дар дохили деҳаи Патар ҷойгир аст, дар марз бошад, як манора ё вишка ҳаст, ки ба қавли мардум соате чанд марзбон меояду як ба манора мебарояд, каме мешинаду меравад ба заставае, ки миёни деҳа аст. (яъне, мардум заставаро ҳимоя мекунанд). Ӯзбакҳо бошанд, торафт наздиктар меоянд. Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳамон заминҳои он тарафи симхор ҳам аз Тоҷикистон буд, кай "дипломатияи тоҷик ғалаба карду" ин заминҳо ба Ӯзбакистон гузашт, бехабар мондаанд.

Ба Худо ин холи ватану миллатама мебинам дилам кариб мекафад дигар токат намемонад. Кани он суханхои ватандустию ватанпарастонаатон? Кани он гайрати шумо? Кани он номусу шучоъати шумо кани он ватандустиатон ки намоишкорона ба зону зада парчам мебуседу ба дида мемолед? Ватандусти танхо бо сухану парчамбуси намешавад. Хукуматдорони бегайрати мо аз номи точик хукумат доранд ва номи точикро дар дунё сиёх карданд бо ин тарсончакию бе гайратию курсипарастиашон. Аз як тараф чи аз як киргиз аз як тараф узбак хама талоши ватани моро хоки моро аз худ кардан доранду аммо хукуматдорони мо аз паи конуни пешвои милату поён овардани сини номзадию риштарощию лаганбардорианд. Танхо зурашон ба шахрвандони оддии худашон мерасад хонашери майдон рубох.
Танхо шери лоикро гуш мекунаму мегирям ва нафратам меояд.
Гирям аз он ки ту танхоию ман танхотар
Ватанам оох ватанам оох ватанам.

Дипломатия имруз намехохад касе нотинч бошад Халки мо аз нотинчи дар харос аммо вале лекин...чанд касро куштанд чикадар куххоро гирифтанд онхо носеранд е гуфтанд Точик на ба зури на ба зори на ба зар наметонад бо киргиз ру ба ру шавад ин чиз аник ки онхо баъди гирифтани хонахоям ором намеистанд боз мехохан дарунтар чой бигиранд

точик
Бояд дар назди сархадхои киргизу узбак точикони тозаро чойгир намуд ин узбактабору киргизтаборро дуртар кард.

Ррр
Хаааааааааа
ИМРУЗ ПАРЧАМИ КИРГИЗ ФАРДО АЗ САМТИ ШИМОЛ УЗБЕК ДАР БИНОХОИ ТОЧИКОН ПАЧАМАШОНРО МЕОВЕЗАНД
БА КАДРИ ОН КАСОНЕ КИ МОРО СОХИБИ ВАТАН КАРДААНД БОЯД РАСИД ИН ВАТАН БА СОДАГИ БА ДАСТ НАОМАДААСТ КИ ИН ГУНА МАСУЛОН БЕ ТАВАЧЧУХИ КУНАНД
ВАКТЕ КОРДОН НЕСТИ ЧОРО ХОЛИ КУН ХАККИ МИЛЛАТРО ЗОЕЪ НАКУН ИН СУХАН АЗ РАИСИЧУМХУР САР КАРДА ТО ЯК КОРМАНДИ ИДДИИ ДАВЛАТ ТААЛЛК ДОРАД

Бо ин хел дипломатияи сабр мо кадам ба кадам аз заминхои худ махрум шуда истодаем.Мегуянд ки киргизхо як масал доранд "агар худо надихад точик медихад."Ин дунё дунёи зури на ин ки сабру тахаммул.Чи хеле ки мегуянд "дузд сохиби говро бастааст."Ин ахвол то кай давом мекарда бошад ва окибати кори мо чи мешуда бошад бо ин дипломатияи тарсуи.Худоё мардуми точикро аз шарри хамсояхои беинсоф ва бешараф нигах дор. омин.

Dev
In fahmishu diplomatiyai kununii tojikro tarih namebahshad.Injo durust yake kajd kard, agar rohi korro namedoned pas jojro holi kuned ,hakki davlatu millatro zeri poj naafkaned!

Киргиз омада замини моро мекащад мегирад аммо сардорони мо мегуянд барои тинчию ороми мо собр мекунем намедонам дипломату сад бахонаи дигар. Оой чанобон агар хамин кадар гайрат доштабошед ва хозиред ки барои тенчию оромии шахсиатон ва курсиатон аз бахри номусу вичдону ватан гузаред пас бехтараш биёед чанг нашавад гуфта нисфи ватанмона ба киргизу нисфи дигараша ба чин дихем ва ором нишинем бе чанг.
Агар хаминкадар гайрат доред пас чойро холи кунед то насли бо гайрати точик масъулиятро бар душ гираду барои миллату ватанаш талош кунад ва хастанд нафароне ки хозиранд барои ватан чон диханд. На мисли шумо ки барои чонатон ва курсиатон ватанатонро медихед. Тамоми шердилону ватандустонро ё куштед ё хабс кардед ё бадарга ё мухочир кардед.

Ё тавба илохо тавба , ачаб сабре худо доранд ин мансабдорон ! Фардо чи мешуда бошад? Бе ин хам як замини кучаке дорем , ба хитой дихеду ба киргиз дихед , узбак то тавонист гирифт боз ягон миллати дигар хаст дихед! Баьд ранги курдхо доимо дар чанг мемирем , агар имруз мубориза набарем!

Бо дӯстони ҳамкасб комилан ҳамфикрам. Вале парафрохтани парчами қирӯиз болои манзили тоҷикони марзӣ нишонии пирӯзии онҳо нест, балки нишонаи ҷаҳлу худбиниву оқибатнаандешӣ аст. Вале агар ин гуна ҷаҳлу иғвоҳо ҷмлавгирӣ нагардад, ақидаи дурӯғеро ба бор меорад, ки онҳо ҳаққанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)