Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:16

Чавгонбозӣ миёни духтарони тоҷик рӯ ба рушд кардан дорад

1 ноябр 2011, 12:00

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни духтарони наврас дар варзишгоҳи чавгонбозии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.


Дар чорабинии варзишӣ мудири шӯъбаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Тағоев, мудири бахши варзиш ва сайёҳии вилоят Т.Нурматов иштирок намуданд.Дар мусобиқаи варзишгарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ашт, Мастчо, шаҳри Хуҷанд ва мактаби варзишии бачагону наврасони вилояти Суғд, дар маҷмӯъ зиёда аз 108 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Дар натиҷа, ҷои аввалро мактаби варзишии бачагону наврасони вилояти Суғд, ҷои дуюмро варзишгарони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ҷои сеюмро варзишгарони ноҳияи Мастчо  сазовор гардиданд. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озадагон» аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!