Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Озмуни «Суруди Алла» дар шимоли Тоҷикистон

3 ноябр 2011, 05:45

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни вилоятии «Суруди Алла» баргузор гардид.


Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии раёсати фарҳанги вилояти Суғд озмуни мазкур дар хонаи маданияти шаҳракаи Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов сурат пазируфт. Мақсад аз баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нав, бозёфти анъанаҳои мусиқии мардумӣ, сароидани таронаи «Алла» бо тарзи зинда буда, аз рӯи шартҳои озмун овозхонҳои лаёқати хуби сарояндагӣ дошта, ки синашон аз 18 боло аст, ширкат варзиданд.Дар озмуни «Суруди алла» -и ноҳия омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мураббияҳои боғчаҳои бачагона, соҳибхоназанон, кормандони ҷамоатҳо низ ширкат намуда, маҳорати сарояндагии худро нишон доданд. Ҳамин тавр, М.Шокирова, Ш.Ваҳҳобова, К.Мирдодоева, М.Сангинова О.Абдураҳимова ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар хадамоти матбуотии раиси вилояти Сугд иттилоъ доданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!